Имрӯз раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз мавзеъҳои сойи Даҳана ва сойҳои якҷояшавии сойи Зиракӣ ва Даҳана дидан намуда, ҷиҳати ироиши корҳои анҷомдодашуда ба Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам бехатар анҷом додани корҳои боқимонда корро дар ин самт ҷоннок намоянд. Инчунин, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунии деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, назди пули мошингузари самти Фурудгоҳ ва маҳаллаи Суғдиён дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавзеъҳои болозикр пеш аз ҳама тоза намудани селпарто ва ҷӯйборҳои обрав, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва ба роҳ мондани корҳои заминӣ, барқарорсозии назди пул ва баровардани сангу шағал, инчунин тоза ва бо тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона баровардани партовҳо сурат гирифт ва ин корҳо ҳанӯз идома дорад ва зери таваҷҷуҳи Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарор дорад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб