Санаи 16 июни соли равон корвони иттилоотии рӯзноманигорони Тоҷикистон ва раиси Иттифоки журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Нахуст, Меҳмононро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар фаъолон самимона пешвоз гирифтанд.
Сипас, меҳмонон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб дидан намуданд. Меҳмононро Асозода Ҳотам Раҷаб, директори Генералии Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб" аз таъриху фарҳанги қадимаи шаҳри бостонии Кӯлоб огоҳ намуда, оид ба нигораҳои бостонӣ аз қаламрави шаҳри Кӯлоб дарёфт намуда маълумот дод. Иштирокчиён аз тамошои осорхона рӯҳу илҳоми тоза бардошта ба ташкилкунандагон ва масъулини осорхона изҳори сипосу миннадорӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки айни замон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб даҳ ҳазор нигораҳо маҳфуз мебошад.
Ҳамчунин гуруҳи рӯзноманигорон аз Телевизион Кӯлоб боздид ба амал оварда бо кору пайкори хайати эчодию техникии ин боргоҳи иттилоотӣ аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Телевизиони Кулоб таърихи 30 сола дошта дар замонҳои мудҳиш таъсис ёфтааст ва имрӯз тавонистааст, бо барномахои чолибу диққатҷалкунандаи хеш дар дилу дидаи бинанда ҷойи махсусро ишғол кунад, ки бевосита гурӯхи рузноманигонрон аз таърихи таъсисёбии Телевизиони Кулоб ба пуррагӣ маълумот гирифтанд.
Инчунин дар идомаи сафар мехмонон аз хона музейи шоир ва ҳофизи халқӣ Сайдалӣ Вализода дидан карданд. Итилоъ дода шуд, ки хона музейи адиби Хатлонзамин Сайдалӣ Вализода аз 20-уми майи соли 1981 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар осорхона чихозхои истифода намуда ва ашъори гаронбаҳои устод Сайдалӣ Вализода нигоҳ дошта шудааст.
Дар идома меҳмонон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ Оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафакири бузург боздид ба амал оварданд. Ҳамин тавр вохӯрии рӯзноманигорони минтақаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар як фазои хубу хотирмон ҳусни анҷом ёфт.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб