Санаи 14 июни соли равон аъзои гурӯҳи корӣ, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр  аз рафти корҳои созандагию ободонӣ дар маҳаллаҳо,  кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ  бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд. 

     Нахуст, аъзои гурӯҳи корӣ аз рафти таъмиру азнавсозии роҳи маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомиии шаҳри Кӯлоб шинос гардида,  бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

124

    Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи чунин корҳои созандагию ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими вазъи инфрасохтори деҳот барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дарқисмати навбунёди маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмиру азнавсозии роҳи маҳаллӣ ба масофаи 4км бо маром идома дорад.  

125

  Бояд қайд намуд, ки дар асоси муроҷиати сокинони ин маҳалла ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб    дар баробари таъмири роҳ мушкилоти норасоии барқ низ бартараф карда шуда   симчӯбҳо низ иваз карда шуданд.

   Сокионон аз амалӣ шудани чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ  рӯҳбаланд гардида, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

   Минбаъд, аъзои гурӯҳ аз маҳаллаҳои навбунёди Чаманзор боздид ба амал оварда, ба корҳои ободонӣ ва таъмири роҳи автомобилгард ва қубурҳои обпартои бетонӣ шинос шуданд.

         Зимнан, аъзои гурӯҳ ба рафти сохтмони қисмати поёнии роҳи алтернативии маҳаллаи Чармгари поён, ки дар доираи эълон шудани соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод” бунёд ёфта истодааст, шинос шуда, ҷиҳати бунёди пули мошингузар дар идомаи роҳ болои сойи маҳалла  машварат намуданд.

   Аз дигар масъалаҳои муҳимме, ки гурӯҳи корӣ таваҷҷуҳи худро равона сохт, ин масъалаи самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам мебошад. Вобаста ба ин масъала бо  масъулони кооперативи тиҷоратии “Хатлон”-и ҷамоати деҳоти Зарбдор вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ бо сокинон ва масъулини соҳаҳо ҷиҳати иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истифодаи самаранок аз заминҳои наздиҳавлигӣ, 3-4 ҳосил гирифтан аз як замин ва таъмин кардани захираи дусолаи маводи озуқа дар ҳар хонадон таъкид гардид. Тавре маълум гардид, дар заминҳои хоҷагӣ аллакаи ҳосили гандумро ҷамъоварӣ намуда, коҳу хошок барои хӯроки зимистонаи чорворо омода кардаанд. Айни замон хоҷагидорон заминро барои кишти ҳосили дуюм омода месозанд.

   Дар охир, аъзои гурӯҳи корӣ аз заминҳои кишти пахта дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати баланд намудани ҳосилнокии натиҷаи заҳматашон маслиҳатҳои муфид доданд.

Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP