Имрӯз, 13 июни соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи  назоратӣ таҳти раёсати   раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.

   Дар кори ҷаласа  муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ,  раисони ҷамоатҳо,   ва  дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

    Нахуст,  раиси шаҳр ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Қайд намуд, ки  ҳар яки моро мебояд барои амалӣ гардидани   дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии кишвар, Пешвои муаззами миллат    муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба    самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии кишвар  корбариро  боз ҳам ҷоннок намоем то ба рушду  пешрафти шаҳрамон саҳмгузор бошем.

121

    Дар ҷаласа тибқи банди якуми рӯзномаи маҷлис Ташрифзода Мунаваршо оид ба ҳолати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳисобот пешниҳод намуд.

  Сипас, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз рӯи масъалаи навбатии рӯзнома “Дар бораи рафти амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳи 2020-2025” суханронӣ намуда қайд намуд, ки Барномаи мазкур бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ карда шудааст.

   Ҳамчунин, аз рӯи масъалаи мазкур мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Алиаҳмад ахборот пешниҳод намуд.

    Қайд кард, ки мақсад аз қабули Барномаи мазкур таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр буда, амалишавии он боиси ҳалли мушкилотҳо гардида,  ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб мусоидат менамояд.

  Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, таъминоти оби полезӣ, рафти ҷамъоварии ҳосили гандум, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан миёни фаъолзанон,  инъикоси кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар телевизиону рӯзномаҳо, риоя кардани қоидаҳои зидди сӯхтор дар ғаллазорҳо, амалӣ намудани лоиҳаҳо бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дар ин бобат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP