Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ санаи 20 -уми июни соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ” баргузор мегардад.
Форум ва Намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, куҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.
Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани Форуми мазкур дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар Бурҳон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, намояндагони муассисаҳои олии таҳсилот ситоди омодагӣ баргузор карда шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб