Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон ҳамчун ҳизби созанда имрӯз дар дилу дидаи мардум ҷо шуда, баҳри осоиши миллат ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондааст. Ҳизб зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намудааст.
Тайи солҳои сипаришуда ҳизб таҳти роҳбарии Раиси муаззами он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист фаъолияти пурсамарро дар ҷомеа нишон диҳад. Самтҳои стратегии сиёсати давлат, ки дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр ёфтаанд, барои таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ ислоҳоти амиқу пайгирона амалӣ мешаванд.
Ҳизби мазкур тамоми фаъолияти қишрҳои ҷомеаро аз мадди назар дур намемонад. Яке аз қишрҳое, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба он ҳамчун неруи пешбаранда ва қувваи бузурги ҷомеа менигарад, ин ҷавонон аст. Маҳз барои ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии онҳо ва инчунин, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ миёни ҷавонон бо пешниҳоди Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон бо номи “Созандагони Ватан” созмон ёфт.
 
Боиси ифтихор ва сарфарозист аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «сиёсати рўй овардан ба ҷавонон»-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин росто, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононеро, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намуда, ба сиёсати ҷавонон ҳамеша афзалият хоҳад дод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни вохӯриашон бо фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар ба ин нукта таваҷҷуҳ карданд. Воқеан, ин дидор ва иштирок дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ барои ман як таҷрибаи бузургу фаромӯшнашаванда буд. Суханронии пурмуҳтаво ва созандаи Раиси муаззами ҲХДТ, ки аз муҳтавои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ояндасозӣ саршор буд, моро бори дигар ба масъулияти шаҳрвандии худ бедор намуд.
 
Ҳар як ҷумлаи Сарвари давлат пур аз маънӣ ва далел буд. Ба вижа таваҷҷуҳи хосе, ки ба масъалаҳои мубрами рӯз, чун таҳкими суботи сиёсӣ, мубориза бо ифротгароӣ, тарбияи ҷавонон ва рушди неруи инсонӣ зоҳир гардид, саривақтӣ буданд. Пешвои миллат бо далелу рақамҳо вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро шарҳ дода, дар баробари ин, ба масъалаи худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва тарбияи ватандӯстӣ низ таъкид карданд. Вохӯрӣ моро водор месозад, ки дар мавқеъ ва фаъолиятамон боз ҳам масъулиятшинос бошем.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2025 барои Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он боз як соли муҳим ва аз лиҳози сиёсӣ соли таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки дар оғози сол маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардид. Сатҳу сифати баргузории ин чорабинӣ ва ширкати фаъолонаи мардум дар он бори дигар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандони кишварро равшан нишон дод. Дар ин чорабинии сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолона иштирок намуд.
 
Раиси муаззами ҳизб иброз доштанд, ки ҳизби мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба масъалаҳои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷалб кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Дар ин раванд, барномаҳои зиёди илман асоснок ва воқеан амалишавандаи ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва мардуми кишвар созгорро таҳия, қабул ва муваффақона татбиқ гардид, ки натиҷаҳои то имрӯз бадастомада дар самтҳои суботи сиёсӣ дар кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар гувоҳи ҳақиқати ҳол мебошанд.
Ман ин вохӯриро ҳамчун сабақи бузурги ватандӯстӣ ва андешаву биниши сиёсии миллӣ пазируфтам. Дар ҳақиқат, суханронии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба як ҷаҳони андеша бурд. Ба андешаи ман, чунин ҷамъомадҳо омили муҳими баланд бардоштани савияи маънавӣ ва таҳкими иродаи сиёсӣ мебошанд. Ман бовар дорам, ки ҳар касе имрӯз дар ин ҷаласа буд, аз толор бо руҳи тоза ва диди нав ба берун баромада, дар худ як таҳаввули ботинӣ эҳсос кард.
 
ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,
номзади илмҳои педагогӣ
 
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP