НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП1729 ва нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 6 феврали соли 2025 соати 11:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карда шуд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимои иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар соли 2024 ба таври мухтасар гуфта гузашта, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, амалигардонии консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, инчунин тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар қисамти саволу ҷавоб аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо пешниҳод гардида, ба саволҳо аз ҷониби раиси шаҳр, муовинони раис ва масъулини соҳаҳои дахлдор ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри иҷрои нақшаҳои дарпешгузошташудаи соли 2025 дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштоосоямон содиқона саъю талош хоҳанд варзид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Пешвои миллат соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, ба рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи ояндадор дар мамлакат заминаҳои воқеии ҳуқуқиву бунёдӣ гузошт.
Меҳмонхона дар хиёбони Исмоли Сомонӣ рӯ ба рӯи бозори «Саховат» ҷойгир шудааст. Сохтмони ин мехмонхона соли 1982 аз рӯи лоиҳаи махсус оғоз ёфтааст. Солҳои 2004-2005 ба муносибати таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифт ва баъзе ҳуҷраҳои он ба толори мачлисӣ табдил дода шуд. Меҳмонхона 5-ошёна буда, дорои 56-ҳуҷра мебошад, ки аз ин ҳуҷраҳо 4-люкс, 2-апартамен, 50-поллюкс ва оддӣ мебошад. Сифати хизматрасониаш ба талаботи имрӯза ҷавобгу мебошад.
![]() |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 |