Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-ро, ки ҳануз соли 2006 таъсис ёфта буд, мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Бо ба истифода додани бинои иловагии муассисаи мазкур хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 аз ҷониби падару модарон ба маблағи умумии 990 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда дорои 4-синфхона мебошад.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст.
Дар муассисаи мазкур 400-хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 24-нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба кору фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон дар муассисаи таълимии №41-и шаҳри Кӯлоб барномаи Е хониш ба намоиш гузошта шуда, дар бораи фаъолияти таҷрибавӣ маълумот доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Дар таърихи 24.11.2024 дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маросими истиқбол ва қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Ғолибонро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар меҳмонон дар вазъияти тантанавӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Малика Ҳасанова тӯли 5-сол мешавад, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ширкат менамояд ва дар чор соли гузашта ду маротиба ҷойи ифтихорӣ ба даст овардааст.
Ӯ зиёда аз 600 китоб, 250 афсона, 250 ҳикоя мутолиа намуда, 120 ғазал, 250 рубоӣ, 250 чистон, 100 панд, 300 тезгӯяк, 300 зарбулмасал азбар намудааст.
Ин муваффақият ба ҳар як сокини сарбаланди шаҳри Кӯлоби бостонӣ муборак бошад!
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар асоси барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии барои солҳои 2021-2025 ва баҳри амали гардонидани дастуру нишондодҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришу фармонҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, қарору фармонҳои Раёсат ва қарору фармонҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, фаъолияти худро равона сохта барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои назоратӣ, санҷишӣ, ободонӣ ва созандагӣ корҳои муайянеро ба роҳ монда истодааст.