Ваҳдат ин якдилӣ, иттиҳод, сулҳ, хушбахтӣ, ягонагӣ, сарфарозӣ, комёбӣ, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист. Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст. Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши меҳварӣ ва боарзиш дорад. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд.
Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Яъне 28 сол қабл Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи хотимаёбии ҷанги шарҳвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд. Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати парешон сарҷамъ гардид ва ободонию шукуфоии мамлакат пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуданд.
Аз он вақте ки Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ қарор дошт ва бо вуҷуди тамоми мушкилиҳою монеаҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо бо мухолифини онвақтаи худ ба музокирот оғоз карда буд, 28 сол сипарӣ шуд.
Хотирнишон бояд кард, ки дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва ба чандин қисм тақсим гардидани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи олам нест шудани Тоҷикистон бо тамоми даҳшати худ ба вуҷуд омада буд. Вале Ҳукумат сарфи назар аз ҳамаи фишору муқобилиятҳо роҳи пешгирифтаи худ, яъне роҳи музокирот ва сулҳу созишро тағйир надод.
Дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлатамон нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд. Маҳз бо ҳамин корнамоиҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.
Тоҷикистони биҳиштосо бо сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва заҳматҳои шабонарӯзӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолии кишвар, 28-соли Ваҳдати миллӣ дар тӯли роҳбари давлат будан ба дастовардҳо ва мувафақиятҳои назаррас ноил гардид, ки ба рушду инкишофи кишвар замина гузоштанд:
1. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милалли Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати Тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.
2. Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
3. Эҳёи расму ойин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.
4. Ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» ҷашни байналмилалии Наврӯз “Оши палав” ва “Чакан”, бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.
5. Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас гардидани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръони Карим” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат.
6. Ба муомилот баромадани воҳиди нави пули миллии кишвар – сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст.
7. Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон.
8. Ба истифода додани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва роҳҳои байналмилалӣ дошта.
9. Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла Роғун Сангтуда 1. Сангтуда 2. ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар.
10. Ташкили ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани иқтидори содиротии кишвар ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, таъсисгардидани минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Данғара», «Ишкошим» «Кӯлоб»;
11. Дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди садҳо биноҳои наву замонавӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, Баланд гардидани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзудани миқдори онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бахши хусусӣ, соҳибкории инфиродӣ.
Боварӣ ва итминони комил дорем, ки дар таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Ваҳдати миллӣ бо заҳмату талошҳои созандаву бунёдкорона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бамаротиб боло рафта, дар як муддати кӯтоҳ ватани азизамон боз ҳам ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз лиҳози фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илму техника, пешрафти саноат ва ҳоказо табдил меёбад.
Содиқзода Зафаршо Саидҷафар-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Олами сағир ва олами кабир дар маҷмӯъ вобастаи як низоманд ва ин низом онҳоро бо ҳам пайваста дар ҳаракат нигоҳ медорад. То замоне ки ин низом ба ҷойи худ устувор аст, зиндагӣ бо маром идома меёбад ва ин коиноти номаҳдуд арзи вуҷуд дорад.
Инсон дар ин маҷрои зиндагӣ, чун сорбони корвонкаш, дар масири пуртуғёни тулӯи арз раҳсипор аст. Ҳоло соҳиби матои зиндагист ва бояд ҳушмандона ва огоҳона қадам бардошта, корвони ҳастиро ба манзили умед ба саломат расонад. Аммо таърих гувоҳ аст, ки башарият дар тӯли давру замон бисёр нобасомониҳои ваҳшатангезро таҷриба кардааст ва назми зиндагиро аз ҳам пошондааст. Таърих борҳо нишон додааст, ки бо хато ва иштибоҳи чанд нафар хуни ноҳақи миллионҳо одамони бегуноҳ рехта шуд ва мусибатҳои зиёде бар сари фарзанди одам таҳмил гардид.
Тоҷикон низ дар масири таърих шоҳиди чунин бархӯрдҳо гардиданд. Миллат фарзандони зиёди худро аз даст дод ва ранҷу машаққатҳои зиёде аз сар гузаронд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар баробари дигар миллатҳо тоҷикон хештанро нигоҳ доштанд ва барои бақои худ мубориза бурданд.
Дар охири асри XX миллати азиятдида боз ба як имтиҳони ҷиддии таърих рӯ ба рӯ гардид. Ин бор на аҷнабиён, балки фарзандони нохалафи худи миллат ӯро ба вартаи нобудӣ кашонданд. Бародар бо бародар, писар бо падар ва, дар маҷмӯъ, инсон бо инсон рӯ ба рӯ қарор гирифтанд. Барои амалӣ гардонидани нақшаҳои манфури хеш, душманони миллат ҷомеаи моро ба оташи хонумонсӯз гирифтор намуданд. Миллат, ки дар марҳилаи хештансозӣ қарор дошт, нохудогоҳона ба хештаншиканӣ даст зад. Дар чунин вазъият ақли солим ва тадбири дурандеш лозим буд, то ин алангаи ҷанг хомӯш гардад.
Мардум ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бидуни ҳадафи зиндагисозӣ якдигарро нест мекарданд. Душмани миллат бар дӯстӣ дастболо мешуд ва оташи кина ҷои сулҳу оромиро мегирифт. Нерӯи пурқудрате лозим буд, ки душманиҳоро аз байн бубарад ва мардумро ба зиндагии осоишта раҳнамоӣ кунад.
Намояндагони мардум, ки худ низ дар ин ҷангу низоъҳо саҳм доштанд, барои фурӯ нишондани даргириҳо тавон надоштанд. Аммо гурӯҳе аз онон бо азми ҷиддӣ ва нияти нек вориди майдони амал гардиданд.
Дар чунин шароити пурфоҷиа шахсияти нотакрори таърихӣ-Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонмарди ватандӯст ва фарзонаи миллат, тасмим гирифт, ки масъулияти наҷоти миллатро бар дӯш гирад. Ӯ дигар аз худ гузашта буд. Барои ӯ танҳо як чиз муҳим буд: фурӯ нишондани оташи ҷанг ва тарафҳоро ба ҳам овардану ба ваҳдати миллӣ расонидан.
Оғози ин кор осон набуд. Аммо нияти нек ва иродаи устувор ӯро ба сӯи фатҳи ҳадафҳо раҳнамоӣ кард. Худаш шахсан дар гуфтушунидҳо иштирок намуда, барои расидан ба сулҳ аз тамоми имкониятҳо истифода мекард. Бо нияти расидан ба созиш, ба тамоми шартҳо розӣ мешуд. Ӯ тавонист дар давоми панҷ сол (1992-1997) ин ҷанги харобкорро хотима бахшад ва миллатро ба сӯи зиндагии орому босаодат раҳнамоӣ кунад.
27-уми июни соли 1997, ниҳоят, созишномаи сулҳ миёни гурӯҳҳои даргир бо шартҳои муайян ба имзо расид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ваҳдат ва суботи миллӣ ба шартҳои гарони тарафи муқобил розӣ шуд ва ба онҳо имкони ширкат дар идоракунии давлатро фароҳам овард.
Ин амали фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, таҷрибаи нодири таърихист. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ корномаи ӯ ҳамчун намунаи нодир барои рафъи ихтилофҳо эътироф гардида, истифода мешавад.
Имрӯз, дар ҳоле ки мо шоҳиди ҷангҳои бемантиқ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳастем, мебинем, ки мардуми он сарзаминҳо ё дар муҳоҷират қарор доранд, ё зери зулми ҷанг. Дар чунин замина, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ як дастоварди бузургест, ки бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мардуми кишвар муяссар халқи азизи мо гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон номид ва бо қатъият изҳор дошт, ки ҳар як тоҷик, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷ, ҳуқуқи комили шаҳрвандӣ дорад ва озодона метавонад дар он зиндагӣ ва фаъолият кунад.
Миллати тоҷик бо сарварии Пешвои худ ваҳдати комили миллиро ба даст овард. Ин ваҳдат дар баробари дигар арзишҳои миллӣ барои мо бениҳоят гаронбаҳост. Зеро бидуни ваҳдат наметавонистем соҳиби давлату миллат ва дороиҳои он гардем. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ваҳдати бадастомадаро гиромӣ дорад ва дар нигоҳдории он саҳмгузор бошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояш ба ин масъала таъкид намуда, шаҳрвандонро, бахусус ҷавононро, ба ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ даъват мекунад. Ӯ борҳо таъкид кардааст, ки ба даст овардани ваҳдат муҳим аст, вале ҳифз ва пойдории он боз ҳам муҳимтар аст. Миллати мо бояд қарнҳо дар зери парчами сулҳ ва ваҳдат умр ба сар барад ва барои зиндагии шоиставу босаодат заҳмат кашад.
Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Сироҷиддини Давлаталӣ, дотсент, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он
Ашӯрова Саодат, ҷонишини декан оид ба тарбия
Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории муосир ва шарти асосии таъмини субот ва рушди устувори кишварҳо ба шумор меравад. Таърихи навини давлатҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишон дод, ки ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ кори саҳлу осон набуда, раванди мураккаб ва бисёрҷабҳа мебошад. Баъди давраи сахти ҷанги шаҳрвандӣ, мардуми тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо истифода аз механизмҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ Ваҳдати миллиро барқарор намуда, асоси сулҳи пойдорро гузорад. Дар ин мақола мо ба таҳлили асосҳои мафҳумӣ ва назариявии Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи мушаххаси Тоҷикистон дар ин самт мепардозем.
1. Мафҳум ва асосҳои сиёсии ваҳдати миллӣ
Ваҳдати миллӣ-ин ҳамбастагии тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, этникӣ ва фарҳангии ҷомеа дар атрофи арзишҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад. Ин мафҳум дар худ идеологияи ҳамдигарфаҳмӣ, муколама, бахшиш ва ҳамбастагиро таҷассум мекунад ва асосҳои сиёсии ваҳдати миллиро бандҳои зерин дар бар мегиранд:
• Сиёсати давлатӣ оид ба баробарии шаҳрвандон-дар Тоҷикистон Конститутсияи соли 1994 баробарии ҳама шаҳрвандонро кафолат медиҳад.
• Пойдории қонун ва волоияти он-яъне фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд дар доираи қонун бошад ва ҳеҷ гурӯҳи сиёсӣ ё шахс аз он болотар нест.
• Муколамаи миллӣ ва иштироки ҳамаҷонибаи аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ-тавассути интихобот, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ВАО.
• Тарғиби ҳувияти умумимиллӣ-бо истифода аз забон, фарҳанг ва арзишҳои муштарак.
2. Назарияи ваҳдати миллӣ
Дар илми сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ назарияҳои гуногун барои шарҳи ваҳдати миллӣ вуҷуд доранд:
• Назарияи миллатсозӣ (nation-building) – таъкид мекунад, ки давлат бояд бо ташкили рамзҳо ва арзишҳои умумимиллӣ, миллатро муттаҳид созад. Тоҷикистон, бо роҳандозии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, тарғиби рамзҳои давлатӣ ва забони тоҷикӣ, намунаи амалисозии ин назария мебошад.
• Назарияи ҳамбастагии иҷтимоӣ (social cohesion) – муттаҳидсозии мардум тавассути адолати иҷтимоӣ, баробарии иқтисодӣ ва имкониятҳои баробар.
• Назарияи муколама ва ризоияти миллӣ – мувофиқи он сулҳи устувор танҳо дар ҳолати гузашт ва бахшиши тарафайн ба даст меояд. Созишномаи сулҳи соли 1997 дар Тоҷикистон намунаи ин назария аст.
3. Таҷрибаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон пас аз солҳои 1992–1997 ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд, ки дар натиҷа беш аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор гуреза ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд. Роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ дар кишвар марҳилаҳои муҳиме дошт:
а) Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июн 1997)
Бо миёнаравии СММ ва кишварҳои минтақа, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик ба созиш расиданд. Дар натиҷа, Созишномаи сулҳ имзо гардид, ки санади асосии ваҳдати миллӣ эътироф мешавад.
б) Комиссияи оштии миллӣ
Барои татбиқи созишнома таъсис ёфт ва қадам ба қадам иҷрои бандиҳои он, аз ҷумла баргардонидани гурезаҳо, якҷо кардани нерӯҳои мухолифин ба сохторҳои давлатӣ ва ислоҳоти сиёсиро роҳандозӣ кард.
в) Ислоҳоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ
Тағйироти конститутсионӣ соли 1999, ки иштироки нерӯҳои мухолифро дар ҳаёти сиёсӣ таъмин кард. Инчунин ворид кардани намояндагони мухолифин ба Маҷлиси намояндагон ва идораҳои давлатӣ.
г) Таъмини амният ва рушди иқтисодӣ
Бо талошҳои ҳукумат, марзҳои кишвар зери назорати комил қарор гирифтанд, ва барномаҳои рушди минтақаҳои ҷангзада роҳандозӣ шуданд.
д) Тарғиби ваҳдати миллӣ тавассути фарҳанг ва маориф
Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) ҳамчун иди расмии давлатӣ ҷорӣ шуд. Дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва воситањои ахбори умум мавзуъҳои ваҳдати миллӣ ҳамчун бахши муҳими тарбияи шаҳрвандӣ таълим дода мешаванд.
Дар натиља таҷрибаи миллатсозии мардум ва њукумати Љумњурии Тоҷикистон нишон дод, ки ноил шудан ба ваҳдати миллӣ танҳо бо роҳи сиёсати оқилона, муколама, бахшиш ва иштироки фаъолонаи тамоми табақаҳои ҷомеа имконпазир аст. Тоҷикистон тавонист аз ҷанги дохилӣ ба сулҳ ва суботи миллӣ гузарад. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун дастовард ва арзиши асосии давлату миллат дар тамоми бахшҳои ҳаёт эҳсос мешавад. Ҳифз ва таҳкими он масъулияти на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Наврӯз Носирӣ-дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Қаракулов Алоуддин-муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он
Все реакции:
Рӯзномаи Анвори Дониш, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ и ещё 1