Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои аввали истиқлолият давраи мураккаби ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, маҳз бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ тавонист пояҳои давлатдориро таҳким бахшад ва роҳи рушди устуворро интихоб намояд.Ваҳдати миллӣ барои давлатҳое, ки аз марҳалаҳои буҳрони дохилӣ гузаштаанд, на танҳо як арзиши маънавӣ, балки асоси устувори рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Дар ин раванд, ташаббусҳо ва сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ҳалкунанда ва таърихӣ доранд.
Ваҳдати миллӣ ба сифати арзиши волои умумимиллӣ дар таҳкими сулҳ, амният ва пешравии ҷомеа нақши калидӣ дошта, дар саҳифаи таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳри сарнавиштсоз гузоштааст. Таҳкими сулҳ ва амнияти миллӣ дар пешравии ҷомеаи навин ҳамчуни сутуни устувор боқӣ гузоштааст.
Ваҳдат ибораест, ки дар он инсонҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, халқияту давлатҳо дар ҳудуди муайян, эҳсоси ягонагӣ, осоиштагӣ, ҳамсириштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пойдории миллат ва фазои созандаи кишвари воҳидро дар муҳити солим дарк мекунад ва аз фазои шаҳдбори он осоиш мебинанд. Барои ба вуҷуд омадан, пойдор ва хусусан, бегазанд гардидан, як халқ ва ё миллат бояд ин ваҳдату осоиштагиро дар ҷисму ҷони худ бигзорад ва имтиҳонҳои гарони сарнавиштро бо пирӯзӣ пушти сар намояд.
Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳимми таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
Дар айни замон аз баракати ин санади сарнавиштсози миллат, корҳои зиёди бунёдӣ дар саросари мамлакат босуръат идома ёфта истодаанд. Рушди соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа аз бунёди муассисаҳои томактабӣ то нерӯгоҳҳои азими кишвар, ки нуфузи ҷаҳониро дороанд, ҳанӯз аз саргаҳи ба имзо расидани созишномаи Ваҳдати миллӣ ба назар мерасид ва то инҷониб дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазиранд. Ваҳдати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳон эътироф намуда, миллати тоҷикро аз бузургтарин халқиятҳои маърифатпарвар ва ваҳдатқарину ваҳдатофар мешиносанд
Мардуми шарафманди Тоҷикистон, ки имрӯз дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорад, ба якояки онҳо зиндагии шоиста ва рӯзгори обод таманно мекунем. Сулҳу субот, амният ва пешравии Тоҷикистони азиз ҷовидонӣ бод! Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!
Воҳидова Рафоат
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №53-и шаҳри Кӯлоб