Меҳмонхонаи “Бобоҷон” воқеъ дар шаҳри Кӯлоб кучаи Шамсиддин Шоҳин (дар назди маҳалаи варзиши шаҳрӣ) аз соли 2014 то инҷониб бо беҳтарин шароитҳо дар хизмати меҳмонони хориҷ ва дохили кишвар мебошанд. Роҳбари меҳмонхонаро Бобоев Ҷаҳонгир ба уҳда дорад.
Меҳмонхонаи “Бобоҷон” аз ду бинои чор ошиёнангӣ ва аз 20 ҳуҷра, ду толори конфронсӣ бо тамоми шароитҳои имрӯза ташкил ёфтааст. Меҳмонхонаи “Бобоҷон” тамоми шароитҳои заруриро барои ташкил ва гузаронидани ҳар гуна истифодаи чорабиниҳо, вохӯриҳо, семинарҳо, конфронсҳодоро мебошад.
Китобхонаи мазкур моҳи сентябри соли 1937 ҳамчун китобхонаи шаҳри Кӯлоб дар заминаи китобхонаи Артиши Сурхи Шӯравӣ бо теъдоди 12 ҳазор нусха китоб бо забони русӣ таъсис ёфт. Ба муносибати таҷлили 2700-солагии шаҳри Кӯлоб китобхонаи вилоятӣ 20.08.2005 ба бинои нави сеошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ кучонида шуд. Китобхона дорои утокҳои корӣ ва толорҳои компютерию хонишӣ мебошад, ки ба донишчуён ва дӯстдорони китоб хизматрасонии хубро пешкаш мекунанд.
Шуъбаи Бонки миллӣ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб воқеъ гашта, аз ду ошёна иборат мебошад. То пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ ба ҳайси шуъбаи бонки давлатии ИЧШС фаъолият менамуд. Ҳама гунна хизматрасониҳои бонкиро дорост.
Бозори марказии шаҳри Кӯлоб дар шафати хиёбони Исмоили Сомонӣ дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи «Хатлон» ҷойгир шудааст. Бо қарори Ҳокимияти иҷрояи шаҳр 20.05.1988 аз рӯи лоиҳаи намунавии бозори шаҳри Кисловодски кишвари Ставрополи Федератсияи Россия сохташудааст.