Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-ро, ки ҳануз соли 2006 таъсис ёфта буд, мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Бо ба истифода додани бинои иловагии муассисаи мазкур хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 аз ҷониби падару модарон ба маблағи умумии 990 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда дорои 4-синфхона мебошад.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст.
Дар муассисаи мазкур 400-хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 24-нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба кору фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон дар муассисаи таълимии №41-и шаҳри Кӯлоб барномаи Е хониш ба намоиш гузошта шуда, дар бораи фаъолияти таҷрибавӣ маълумот доданд.
 
                                                                                                       Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP