Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Пешвои миллат соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, ба рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи ояндадор дар мамлакат заминаҳои воқеии ҳуқуқиву бунёдӣ гузошт.

 
 Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» 7 – сентябри соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 412 ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурӣ аз 19 – уми декабри соли 2006 дар арафаи ҷашни 2700 – солагии Кӯлоб
osorkhonahoi kulob1
дар заминаи Осорхонаи таърихву кишваршиносии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо тобеияти се осорхона - Осорхонаи мероси адабӣ ва Осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хона – музейи ба номи шоир ва ҳофизи халқ Саидалӣ Вализода ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 – солагии Кӯлоб ба фаъолият оғоз намуд ва ҳоло дар фонди муассиса  беш аз 13000 нигора маҳфуз мебошад. Дар муассиса тибқи нишондоди ҷадвали корбаст 53 нафар аз ҳисоби бюжет ва 2-нафар аз ҳисоби суратҳисоби махсус фаъолият доранд.
Ҳамасола баҳри нигоҳдошт ва фаъолияти Муассисаи давлатии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои муайян ҷудо мегардад. 
Лозим ба ёдоварист, ки хариди нигораҳо дар муассиса тавассути комиссияи хариди фонд, ки аз ҳисоби шахсони соҳибтахассус бо фармони вазири фарҳанг таъсис дода шудааст, сурат мегирад. Ҳамчунин, ба нигораҳои ба фонд воридгашта хулосаи ташхисӣ навишта мешавад.   osorkhonahoi kulob3
 
Яке аз самтҳои дигари муассиса ташкил ва гузаронидани намоишҳои осорхонавӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад. Осорхонаҳои шомили Муҷтамаъ дар тӯли даҳ соли фаъолияташон дар намоишҳои бузурги шаҳрҳои Москва, Корея ва Хитой ширкат варзида сазовори диплому сертификат ва ҷойҳои намоён гардидааст. Ҷараёни интиқоли нигораҳо барои намоиш дар хориҷи кишвар тавассути дастури вазорати фарҳанг ва танзими ҳуҷҷатҳои лозима дар идораҳои марбута, аз қабили гумрук, шуъбаи ташхисии Вазорати моля, палатаи савдо ва амсоли ин сурат гирифтаст. osorkhonahoi kulob4
 
Алҳол дар ду осорхона- Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Ми Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб бо истифода аз хизматрасонии шуъбаи «Муҳофизат»-и ШКД-и ҳифозати иншоот ва нигораҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ҳар се осорхона камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст. 
Тамоми фаъолиятҳои муассиса дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус, Қарору Барномаҳои ба соҳаи фарҳанг қабулу ба тасвиб расида, амру фармонҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Муассиса баҳри пиёда сохтани сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбияш то имрӯз корҳои назарррасеро ба сомон расонидааст.
  
1. Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 солагии Кӯлоб
 
Осорхонаи 2700 солагии Кӯлоб яке аз осорхонаҳои шомили Муҷтамаъ мебошад, ки  дар арафаи таҷлили ҷашни 2700-солагии Кӯлоб ба фаъолият оғоз намуд. 
Фаъолияти Осорхона дар бинои се ошиёна иборат аз 5 шӯъба, ки дар 7-толори намоишӣ, ҷойгир мебошанд, ба роҳ монда шудааст. Шуъбаои Осорхона иборатанд: Шуъбаи таърих ва бостоншиносӣ, Шуъбаи мардумшиносӣ иборат аз ду толор, Шуъбаи Кӯлоби даврони Истиқлолият, Шуъбаи табиати кишвар, Шуъбаи Эъҷози муъқалам ва Шуҳрати ҷангӣ. 
Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб дорои 7040-адад нигора мебошад, ки аз ин шумора 2880-ададаш дар толорҳо пешкаши тамошобинон гардонида шудаанд. Боқӣ4166-адад дар хазинаи Осорхона маҳфузанд.osorkhonahoi kulob6
  
Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
 
Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз шӯбаҳои Пирони кӯҳистони Хатлон, Ганҷинаи ҳазрати Амирҷон, Аз таърихи сохтмони мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шӯҳрати ҷаҳонии Алии Ҳамадонӣ иборат мебошад. Дар шафати Осорхонаи мазкур мақбараи адиб ва файласуфи машҳур Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шаҷарасанг, сағонаи шахси номаълум (мутааллиқ ба асрҳои Х11-Х111 ва боқимондаҳои хумдони мутааллиқ ба даврони  Ҳахоманишиҳо (асрҳои 7-6 пеш аз мелод) ҷой доранд. 
Дар ошёнаи якуми осорхона китобхонаи Амири Кабир мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 5000 китоб бо ҳуруфи ниёгон ва кирилӣ, ки аз бахшҳои адабиётшиносӣ,  ҷомеъашиносӣ, луғатнигорӣ, риёзӣ, ҷуғрофиё, нигоҳдорӣ мешавад. Фонди нигораҳои осорхонаи мазкур беш аз 1120 ададро ташкил медиҳад. 
       Дар фонди нигораҳои Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттӣ беш аз 1034 нигора мавҷуд аст. Аз ин шумора 512 ададаш дар намоиш ва 522 адади дигар дар хазина қарор доранд. Аз ин 1034 адад нигора 322 адади он нигораҳое мебошанд, ки қимати баланди таърихӣ, илмӣ ва адабӣ доранд. 
3. Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
Тибқи нишондоди бостоншиносон, аз охири асри X ва ибтидои асри XI сар карда, то аввалҳои саддаи 20-ум ҳудуди имрӯзаи оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан мадфунгоҳи аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб будааст. Бинобар ин интихоб намудани ин пораи замин аз тарафи пайвандону муридони Алии Ҳамадонӣ низ бе сабаб набуд.
           Сараввал болои турбати Алии Ҳамадонӣ дар ин мавзеъ мақбараи хоксоронае аз чубу гил сохта мешавад ва баъдан бо мурури замон масоҳати мақбара васеъ гардида, шакли кунуниашро пайдо мекунад.
osorkhonahoi kulob2
           Таҳқиқи муфассали мақбара, таҳлили сохти нақшавии он ба олимон имкон дод, ки сохти мураккаби биноро, ки симояш дар тули солҳои зиёд ташаккул ёфтааст, муайян созанд. Шакли қадимтари мақбара, ки ба асри  XIV нисбат дода мешавад толори марказии гумбази дуқабатта дошта бо даромадгоҳи пештоқдораш мебошад, ки он дар қисмати шимолу шарқӣ арзи вуҷуд дорад. Қабати дуюми берунаи гумбаз барои пурқувват кардани таъсири меъмории бино  хизмат мекунад. Аз рӯи хулосаи порчаҳои бозёфтҳои ороишӣ, гумбази пештоқдори мақбара аз берун бо кандакории сафолӣ пушонида шуда будааст. Андаке баъдтар, айнан дар асри XIV  мақбара аз ҳисоби илова кардани масҷид ва дахма васеъ мешавад. Дар натиҷа маҷмааи мураккаби меъмори ба вуҷуд омад, ки дар он воситаҳои композитсионӣ, меъморӣ ва ороишӣ ба таври зич ба ҳам печидаанд.
            Ғайриоди будани сохти меъмории мақбара дар он аст, ки дар ин ҷо намудҳои равоқи гумбаздори пушида, равоқи балхи, гумбази ороиши ганҷӣ ва ниҳоят гумбази дуқабатта мақсаднок истифода бурда шудааст. Дарҳои кандакори шудани беруна, ки бо нақшу нигораҳои нафис оро дода шудаанд, шукуҳу шаҳомати мақбараро дучанд афзун менамоянд.
Бинобарин  мақбара ва атрофи он аз ҷиҳати сохт пурра ва анҷомёфта менамояд, ки дар ин кор заҳмати таъмиргарони муосир назаррас аст. Аслан корҳои таъмиру тармими пурраи мақбара, ки симои онро кулан дигар кард аз солҳои 70-уми  саддаи гузашта оғоз гашт. Солҳои 1993-1994 ба ифтихори таҷлили ҷашни  680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мақбара бори дигар мавриди таъмиру тармим қарор гирифт, ки дар анҷоми ин кор ҳунармандони Эрони низ саҳм гузоштанд. Қомат афрохтани дарвозаи асосии даромадгоҳ, болопуши санги сипоснома ва ҳуҷраи хумдони даврони Ҳахоманишиҳо, ки ба маҷмааи аллома дигаргуниҳои калон ворид кардаанд, маҳз дар ҳамин давра сохта шудаанд.
               Таҷдид ва азнавсозии мақбара рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб суръати тоза касб кард. Дар ин давра бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон гумбазҳои оромгоҳ тиллокори гардидаанд ва аз қисмати ҷануби шарқӣ дарвозаи бо ҳашамат бо ду фавораи бузӯрг сохта шудаанд. Ҳуҷраҳои мақбара аз нав гаҷкорӣ гардидаанд. Дар анҷоми корҳо коргарону таъмиргарон ва устоҳои маҳаллии халқӣ кушиданд, ки симои аввалаи ин бинои аҷоибро барқарор созанд ва онро барои тамошои аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр дастрас гардонанд.
Ҳамин тавр мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мисоли нодири ёдгории меъморие мебошад, ки он дар худ қиёфаи куҳани усулҳои меъмории маҳаллӣ ва осори усулҳои меъмории марказҳои пешсафи фарҳангии Осиёи марказиро таҷассум кардааст.
 osorkhonahoi kulob5
4.  Хона-музейи шоир ва ҳофизи халқ С.Вализода .
Хона-музей ба номи шоир ва ҳофизи халқ Сайдалӣ Вализода 27-уми марти соли 1981 бо Қарори Комитети Маркази Партияи Коммунистӣ ва Шӯрои Вазирони Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст. Хона-музей дар хиёбони ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ-начандон дуртар аз Оромгоҳи олими маъруфи машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар биное, ки шоир то охирин лаҳзаҳои умр он ҷо зиндагиву эҷод кардааст воқеъ мебошад.
Бинои Хона-музей дар муддати ҳамаи ин солҳо, алалхусус баъди ба даст овардани Истиқлолият ва қабул гардидани як зумра қарорҳои Ҳукумат, аз ҷумла «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» мавриди тармиму таҷдид ва бозсозиҳо қарор гирифта, симои зоҳири ва маънави худро куллан тағйир додааст. Имрӯзҳо он ба макони ҳақиқии сайру саёҳат мубаддал гашта, шоирону нависандагон аз дуру наздик, донишҷӯёну мактаб бачагон, саёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин макон ташриф меоранд.
Дар Хона-музей зуд-зуд бо иштироки шоиру нависандагони шинохта базмҳои шеър, конференсияву шомҳои хотира баргузор мегарданд.
 
 
Директори генералии 
«Муҷтамаи ҷумҳуриявии                                      Ҳотам Асозода
осорхонаҳои Кӯлоб» 
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP