«...ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ,
намунаи ҷасорат, ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мова тарбияи насли созанда дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати
80-солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ конференсияи илмӣ-оммавӣ таҳти унвони "Сабақ аз сарчашмаҳои таърихӣ ва омӯзиш аз қаҳрамониҳо" баргузор карда шуд.
Дар конференсияи мазкур муовини аввали Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Алишер, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, шахсиятҳои
маъруфу шинохтаи ҷумҳурӣ собиқ раиси вилояти Хатлон Авзалов Ғайбулло, собиқраиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев, фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон иштирок намуданд.
Дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорон ва фаъолони шаҳр пешвоз гирифтанд. Чун рамзи
арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Зан-Модар дар назди муҷассамаи “Дуои Модар” маросимигулгузорӣ анҷом дода шуд.
Сипас ҳайати роҳбарияти шаҳр, меҳмонон ва собиқадорон ба боғи Ғалабаи шаҳри Кӯлоб раҳсипор гардида, дар назди нимпайкараҳои шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сарбози номаълум гулчанбар гузошта шуд. Ҳамзамон аз болои нимпайкараҳои иштирокчиёни ҶангиБузурги Ватанӣ Абдулло Мусоев ва Мирзо Бекматов бардаборӣ карда шуд.
Дар даромадгоҳи қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб меҳмонон аз осорҳои иштирокчиёни
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва расмҳои рассомон боздид намуданд.
Қисмати тантанавии конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар
ифтитоҳи ҳамоиш ба сухан баромада, меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборакбод намуданд. Аз ҷумла иброз
доштанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.” Дар миёни фиристодагониТоҷикистон намояндагони минтақаи Кӯлоб кам набуданд. Аз ҷумла Мирзо Бегматов, Назар Шарипов, Абдулоо Мусоев, Пирназар Шарипов, Ашур Ҳусайнов, Ҷумъа Пулодов, Раҳмон Қувватов, Мусо Қаландаров, Алӣ Назаров ва боз даҳҳои дигар аз ҷумлаи ҳамон родмардони Кӯлоб буданд, ки дар майдони набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣнамунаи ҷасорату мардонагӣ ва шуҷоати бемисл нишон дода, пас аз Ғалаба бо сари баланд баргаштанд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди беҳтарин суруду таронаҳо аз ҷониби ҳунармандони варзидаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ҳамоиш ҳусни анҷом бахшид.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP