Бахшида ба таҷлил аз Рӯзи умумиҷаҳонии Осорхонаҳо дар Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рўзи 18 майи соли равон рӯзҳои Дарҳои кушод барои ҳаводорон ва дӯстдорони таърихи пурғановати тоҷик ба таври ройгон роҳандозӣ гардид.

            Ёдовар мешавем, ки Осорхонаҳои Кӯлоб ҳамчун муассисаи маърифативу равшангароӣ дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии ашёи гаронбаҳои мадании халқи тоҷик саҳми босазо мегузоранд.

              Имрӯз дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии Осорхонаҳо шаҳрвандони касбу кори гуногун, донишҷӯёну хонандагон ва ҷавонон ба Осорхонаҳои Кӯлоб ташриф оварда,  аз таъриху фарҳанги бойю ғании халқи тоҷик аз наздик шинос гардида, рўҳу илҳоми тоза гирифта, ба ташкилкунандагон ва роҳбаладоне, ки онҳоро роҳнамоӣ мекарданд изҳори сипос намуданд.

           Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб арзи вуҷуд дорад, ки дар нигоҳдошти таърихи пурғановати халқи тоҷик саҳми босазо гузошта истодааст.

                Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2006 таъкид намуда буданд: “Имрӯз вазифаи муқаддаси мову шумо омӯхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мамлакатамон аст. Зиёда аз ин, ободу зебо нигоҳ доштан ва бойю рангорангии Осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат мебошад”.

                                                                                                                                                                                Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP