dv id="«rael»" " " ">"
Ҷанги Бузурги Ватанӣ таърихи талхи ҳар як давлати иштирокчии он ба шумор меравад, зеро аз ибтидо то интиҳои он баҳри ғалаба бар фашизм ва артиши истилогарони гитлерӣ, ҳифзи марзу бум ва аҳолии бегуноҳ ҷони 92 миллион мардони далеру шуҷоъ ва меҳандӯсти Иттиҳоди Шӯравӣ қурбон шудааст.
Ин ҷанг 22 июни соли 1941 оғоз шуда, аз нигоҳи таърих даҳшатбору хонумонсӯз ва пурқурбонӣ ба шумор меравад. Тавре ки Лоҳутӣ ишора кардааст:
Ҷанги хунину бераҳмона буд.
Бояд қайд дошт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои аъзои ИҶШС дар набардҳои хунин мардонавор ширкат доштанд. Чигунае, ки аз сарчашмаҳои дастрас маълум аст, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ - сиёсӣ ва талаботи ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд.
Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми кавалерии тирандоз ва 88-уму 99-уми бригадаҳои тирандоз ташил ёфта буданд. Баталёни инжинерии дар аэродроми Ленинобод ташкилёфта низ, дар майдонҳои ҷангӣ корнамоиҳои зиёд нишон дода, то ба пойтахти Германияи фашистӣ шаҳри Берлин рафта расида буданд.
Падарону бобоёни мо он замон аз як гиребон сар бароварда, ҷонро сипар намуда, ба хотири ҳифзи сарзамини худ ва тамомии марзи кишварашон, ки он замон 15 давлати иттифоқ буданд, ба по хестанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафарро ташкил медод, аз ин ҳисоб наздики 50 ҳазор нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ зиёда аз 90 ҳазор тоҷикон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд.
Тибқи иттилоъ, ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Дар байни онҳо-Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва даҳҳо ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Хушбахтиовар буд, ки пас аз 3 солу 10 моҳу 17 рӯз Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 майи соли 1945 бо ғалабаи мардуми сарбаланди ИҶШС анҷом ёфт. Фактҳои таърихӣ ва асноди зиёде маҳфузанд, ки ҳамватанони мо то ба охир далерона муборизаҳоро идома дода, дар ростои душмани мусаллаҳу ғаддор ва сардию гармиҳо истодагарӣ намуданд. Маҳз ҷасорату самимияту садоқати ҷанговарон буд, ки пас аз 1418 шабонарӯзи ҷанг ғалабаи деринтизор ба даст оварда шуд.
Мувофиқи иттилои дастрас ҳоло дар ҷумҳурӣ 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ арзи ҳастӣ доранд, ки аз он 8 тан дар Хатлон, 5 нафар дар НТМ ва дунафарӣ дар Душанбею Суғд умр ба сар мебаранд. Ҳарчанд ҳоло бо гузашти 80 сол аз шумораи умумии иштирокчиёни баргаштаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои (1941-1945) дар Тоҷикистон шумораи хеле кам боқӣ монда бошанд ҳам, вале бояд гуфт қаҳрамонию диловарии ҳар яки онҳо дар таърих саҳифаи хосеро мондагор аст. Рӯҳи онҳо, симои онҳо ва ҷоннисориҳояшон пеши дидаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боқӣ хоҳад монд. Чаро ки қаҳрамонон ҳеҷ вақт намемиранд ва ёди онҳо абадан дар қалбҳо маскан дорад. Воқеан ҳам ҷанговарон қаҳрамонанд ва таърихсозӣ кардаанд. Гаронарзиштарин неъмат баҳри инсон-ҷони худро дареғ надошта, барои зиндагии осудаи даҳҳо насли минбаъда то ба охирин нафас ҷангиданд. Ҷангиданду сулҳи минбаъдаи халқҳои моро таъмин намуданд. Ёдовар бояд шуд, ки ҳамасола бахшида ба 9-май Рӯзи Ғалаба ва ёди хизматҳои арзандаю мондагори иштирокчиёни ҶБВ дар кишвари мо чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва парадҳои ҳарбӣ бо намои хос доир карда мешаванд.
Маврид ба қайди махсус аст, ки зери сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои ин фарзандони ҷасури кишвар ҳамасола дар арафаи Иди Ғалаба бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни ҶБВ ва хонаводаҳои онҳо маблағҳои пулӣ расонида мешаванд.