Кӯлоб (форсӣ: کولاب) — аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб мешавад. Далели мӯътамади таърихӣ будани онро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат медиҳад. Дар солҳои 1993-1994 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мири Кабир хумдонеро пайдо карданд, ки ба асрҳои ҳафт шаши пеш аз мелод мансуб буд. Хумдони мазкур яке аз далелҳои таърихи 2700 солаи шаҳри Кӯлоб мебошад.
Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов соли 2001-ум шурӯъ шуда то кунун идома дорад. Дар атрофи шаҳри Кӯлоб бостоншиносон беш аз 200 – ҳандақро мавриди омӯзиш қарор доданд, ки панҷтои он дар ҳудуди хумдонҳои мақбараи Мири Кабир маҳфузанд. Бостоншиносон дар ҳар қабати хоки ин ҳандақхо, ки андозаи онҳо ба 1,5-2 метр мерасад шумораи зиёди сафолпораҳоро дарёфт карданд, ки аз осори тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад.
Сафолпораҳои ёфтшуда шаҳодати онанд, ки дар асрҳои VII-VIи пеш аз мелод дар ин ҷо ҳунари кулолгарӣ ба вижа кӯзагарӣ, ки усулан хоси мардумони шаҳранд, хело рушд карда буда аст. Ин бозёфти археологӣ аз мавҷудияти як шаҳри аз лиҳози фарҳангу маданият рушд карда дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст. Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Кӯлоб» дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ будани шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст.
Соли 1991 таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ Юсуфшо Ёқубов дар акнофи қалъаи Кӯлоб ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа девори салтанати Кушониён, ки мансуб ба асрҳои 6-1- пеш аз мелод мебошад, ёфт гардид. Дар қабатҳои хоки мавзеи таҳқиқшуда, дар чуқурии 2-4 метр осори даврони ҳукмронии Юнону Бохтарро пайдо карданд, ки ба асрҳои 3-2-и пеш аз мелод рост меояд. Қабатҳои зисти Юнонӣ Бохтарӣ дар як нуқтаи дигари шаҳри Кӯлоб дар қалъаи Купчинор ва соҳили рости сангови Тебалай, ки аз паҳлӯи он мегузарад, ошкор карда шуданд. Дар ин ҷо дар буриши рости сангови Тебалай дар масоҳати 200 -300 метр қабатҳои замони Юнонӣ Бохтарӣ мушоҳида мешаванд. Дар қабатҳо сафолҳои ин давра пайдо карда шудаанд. Ҳамин тавр дар замони Юнонӣ Бохтарӣ шаҳр аз ду қалъа ва ду шаҳристон иборат буд. Қалъаи якум калонтар ва асосӣ буда, дар мавзеи Чармгарони Поён дар қисми ғарбии имрӯзаи шаҳр ҷойгир буд. Дар назди ин қалъа шаҳристон вуҷуд дошт. Ин шаҳристон чандон калон набуда, масоҳаташ 170х150 метрро ташкил мекард. Дар ин мавзеъ чашмаҳо бисёранд ва он барои зиндагӣ хело мувофиқ аст.
Дар ҳавлии хонаи 149, воқеъ дар кӯчаи якуми Май ёдгорие пайдо намуданд, ки ба замони Ҳахоманишиён (асри IV пеш аз мелод), замони Юнону Бохтарӣ ва давлатдории Кушониён мансуб мебошад.
Шаҳри Кӯлоб бо таърихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохта аст. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар асрҳои IX-VII — пеш аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд. Кӯлоб аз шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистони имрӯзи, таърихи рангину бостона дорад. Дар замонҳои пешин он ҷузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон (Хуталл, Хуталлон) ба ҳисоб мерафт. Хатлони таърихи кишваре буд вокеъ дар байни ду руди бобаракати Панҷу Вахш ва шохони он тибки маълумоти Ибни Хурдодбех лакаби «хутталоншоҳ» ё «шерони Хутталон»-ро доштаанд. Ин кишвар дар таърих бо аспҳои хушзоти бидови хуб, "аспҳои хатли" ва мардуми ҷангии худ машҳури кишварҳои Хуросону Мовароуннаҳр будааст.
Хатлон бо истихроҷи тиллою намаки худ низ дар таърих шуҳрати беандоза дошт. Ногуфта намонад,ки яке аз намунаҳои аввалини шеъри дарии форсии тоҷики,ки то ба замони мо омада расидааст,маҳз ба номи Хатлон марбут аст. Табари муаррихи машҳур дар «Таърих-ар-русул вал-мулук»-и худ бори аввал зимни тавсифи ҳаводиси соли 108/726 ва сипас зимни овардани ҳаводиси таърихи 119/737 он китъаро зикр намудааст. Дар соли 737 мелоди сарлашкару волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ ба Хуттал ҳуҷум оварда аз Ҳокони турк — Курсугонун мадад мехоҳад. Ӯ ба ёри пеш меояд. Асад аз ин ҳол бохабар шуда ба зуди аз назди Ҷабалу-л мулх (Кӯҳи намак,ки имруз дар Кӯлоб бо номи Хоҷа Мӯъмин маъруф аст) гузашта ба соҳили дарёи Панҷ мерасад ва аз бисту се ҷои дарё ба гузаштан шурӯъ мекунад. Ҳануз убур ба охир нарасида буд,ки туркону хатлониён аз дарё гузашта бори дигар лашкари Асадро мунхазим сохтанд. Асад бо ҳоли табоҳ ба Балх муроҷиат мекунад. «Ана дар ҳамин газоҳо — навишта буд Табарӣ — мардум ба форсӢ ба ӯ чунин гуфтанд:
Аз Хутталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия,
Обор боз омадия,
Хушк назар омадия.
Дар асрҳои IX-X мелоди дар замони Сомониён Хатлон хеле пурқувват буда, ба давлати Сомониён итоат намекард. Давлатҳои хурди минтақа ба амири Сомониён соле як бор ҳадя мефиристодаанд.
Баъд аз заволи давлати Сомониён дар охири асри X Хатлон низ мисли давлатчаҳои дигари ҳамсояи хурд дар тули асрҳои минбаъда борҳо дучори ҳамлаи ақвоми туркнажод гардида, ҳар дафъа баъд аз харобиҳои зиёду қатлу ғорати мардуми Хатлониён боз ба ободонии кишвари худ мепардохтанд. Ҳуҷумҳои карахониҳо, карахитоиҳо, лащкари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, салҷуқиён ва туркҳои маҳаллӣ аз ҳамин қабиланд.
Аз ҳуҷумҳои мазкур ду ҷанг боиси харобии нихоят сахти Хатлон гардидаанд. Яке аз онҳо бо номи шоҳзодаи қарахонӣ — Буритегин ва дигар бо номи Алпарслони салҷуқӣ марбут мебошад. Тибқи маълумоти овардаи соҳиби «Таърихи Байҳақӣ» Буритегини мазкур, ки номаш Иброҳим ибни Наср буд, дар таърихи 1038-1039 бо кумичиёну туркони ганҷина, ки дар дараҳои Шумону Вашгирд байни Чағониёну Хутталон мезистанд, ба Вахшу Хутталон ҳуҷум бурда, онҳоро то наздикиҳои Хулбук — пойтахти Хутталон ғорат карданд. Амири Ғазнавӣ Масъуд баъди шунидани ин хабар чунин гуфта буд: "Буритегин баъдтар аст аз туркманон, ки фурсате ҷуст ва дартохту бештар аз Хутталон ғорат кард. Ва агар мо пасттар (дертар) расидеми, вай он навоҳи ғорат кардӣ"
Ҳамин тавр, ба соли 1038-1039 қисми бештари Хатлон дучори ғорат ва харобӣ гардид. Чӣ тавре, ки маъхазҳои таърихӣ дарак медиҳад, Хатлон баъд аз муддати кӯтоҳе вазъи худро ба эътидол оварда дар замони салҷуқиён сар аз итоат боз зад. Муаррихи бузурги араб Ибна-л-Асир воқеаи ҷанги байни Хатлониёну Алпарслони салҷуқиро зимни баёни ҳаводиси соли 456/1063-1064 чунин ба қалам додоааст.
«Баъд аз марги Тоғрулбек ба ҷои ӯ Алпарслон подшоҳ шуд. Амири Хутталон дар қалъаи худ оси гардида, хироҷ напардохт. Султон ба ҷанги ӯ шитофт. Чун ба Хутталон расид, дид, ки қалъаи он бисёр мустаҳкаму баланд аст. Ӯ чанде бо соҳиби қалъа ҷангид, вале ба чизе ноил нагардид. Рӯзе Алпарслон бо шахси худ ба чанг пардохт. Ӯ аз асп пиёда шуда ба кӯҳ (баландӣ) баромадан гирифт. Аскарон аз ӯ пайравӣ карда, ба мавқеи Хутталиён наздик шуданд ва ба ҳуҷумҳои пай дар пай пардохтанд. Соҳиби қалъа (яъне шоҳи Хутталон) дар он замон дар болои қалъа назди тиркаше истода буд ва афроди худро ба ҷанг таҳриз мекард. Нохост тире, ки онро ба сӯи ӯ кушод дода буд, ба вай расид ва ӯро бикушт. Сипас Алпарслон қалъаро фатҳ кард ва Хутталон ба ҳайати кишварҳои ӯ даромад»
Гуфтан мумкин аст, ки бо ин ҷанги дар таърихи 456/1063-1964 рух дода, бо Хатлону маркази он зарбаи мухлик дода шуд. Баъд аз таърихи мазкур номи маркази Хатлон шаҳри Хулбукро дигар дар маохизи таърихӣ дучор намеоем. Баръакс дар давраи мазкур муаррихон аз қалъаи Кӯлоб дар наздикиҳои Ҷайхун ёд кардаанд, ки ба гумони голиб он дар ҷои шаҳри Кӯлоби имрӯза вокеъ буд. Чунин ба назар мерасад, ки баъди дар таърихи 1038-1039 аз тарафи Буритегину кумичиёну туркони ганҷина хароб карда шудани шаҳрҳою деҳоти Хатлон табдил ёфт. Баъди хароб сохтани қалъа ҳаёт дар он мавзеъ ба кулли катъ нагардид ва чи тавре ки дар боло қайд кардем, дар он қо бо мурури замон деҳа ва сипас шаҳре бо номи Кӯлоб дар асрҳои XV-XVI қомат афрохт. Бо ҳамин, дигар то асри XVI оиди шаҳри Кӯлоб дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоте дучор намегардад. Як нафар амирони турк Сайиди Алии Раис, ки ашъори зиёдеро аз девонҳои Саъдӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аз бар медонист ва худ низ ба форсӣ шеър мегуфт, дар асари ба забони турки навишта — «Миръоту-л-мамолик» («Ойинаи кишварҳо») оиди Хатлону шаҳри Кӯлоб ва мавзеи тавозуди мазори ҳазрати Амири Кабир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маълумоти тозаи пурқимат додоааст. Аз порчаи мазкур чунин бармеояд, ки Дили яке аз мавзеъҳои асосии Хатлон будааст, зеро тобути мубораки Сайид Алии Ҳамадониро шогирдонаш дар асри XIV, бори аввал маҳз дар Дилии Хатлон гуронида будаанд, на дар шаҳри Кӯлоб ки шояд дар он замон ободу машҳур набуд. Аз мавзеи Дили як нафар амирзодаи муғул — Мирзо Ҳайдар дар асари худ «Таърихи Рашидӣ» ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими Хатлон ёд кардааст. Мирзо Ҳайдар дар соли 912/ 1506-1507 ҳангоми аз Хисори Шодмон ба Бадахшон аз ӯзбекҳо гурехтанаш аввало дар Пушинг (деҳаест маъруф то имрӯз бо ҳамин ном дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон) истода, сипас аз он ҷо ба Дилии бозор меравад: «Чун бо Дилии бозор, ки аз курайёти муътабараи Хатлон аст, расида шуд, ин аҳвол маълум гашт».[1]
Дар ибтидои асри XVI — Ҳофиз Таниши Бухороӣ таърихнигори Абдуллохони Шайбонӣ дар китоби худ «Шарафномаи шоҳӣ» («Абдуллонома»), ки ҳуҷуми Абдуллохон ба Кӯлоб ривоят мекунад, дар се мақола далелу арқом оварда аст. Дар мақолаи аввал, ки «Кӯлоб дар асрҳои 16» ном дорад муаллиф аз хусуси таьрихи бунёди шаҳри Кӯлоб дар асри XIII то асри XVI ва низ дар бораи хароб гардидани шаҳр аз ҷониби Шайбонӣ ва ҳам азнавсозии шаҳр замони ҳукуматронии Абдуллохон маълумот оварда шуда аст.
Ҳофизи Таниш зимни тавсифи ҷангҳои байни лашкари Абдуллохони узбек ва кӯлобиён дар соли 992/1584 оиди калъаи Кӯлоб маълумоти муҳим меорад: «Ва қалъаи Кӯлоб алҳақ аз килои машҳур ва ба ҳасонату устуворӣ, расонату пойдорӣ бар алсинаву афвоҳ мавсуфу мазкур, гуй аршест афрохта шуда. Ва хандақе амиқ монандаи муҳит гирди ҳисори сипеҳр пардохтаанд.
Магу қалъа, кӯҳе, вале бошукуҳ,
Дар ӯ кинаҷуён — палангони кӯҳ..
Чу садри Сикандар дараш устувор,
Чу ҳисни фалак маҳкаму пойдор.
Ба ҳар рукни ӯ бурҷ афзун зи сад,
Чу айвони Кайвону бурҷи Асад
Зи пӯлод фаршу рахаш рехта,
Сурайё зи такаш даровехта.
Яке тарф хандақ чу дарёи Нил,
Равон гирд дар гирди ӯ мил-мил.
Ба болои бурҷу фасили Ҳисор,
Муҳайёву омода то сад ҳазор….
Аз порчаи мазкур ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст: 1) Шаҳри Кӯлоб дар мавзеи Халвои бисёр тез қомат афрохтааст: 2) Дар он қалъаи устуворе сохтаанд: 3) Турбати поки Амири Кабир Сайид Алии Ҳамадониро аз мавзеи Дили (Имомалӣ) дар ҳудуди солҳои 1584-1594 ба чивори шаҳри Кӯлоб — ба мавзеи имрӯзааш кӯчонидаанд.[1]
Мақолаи дуввум, «Дар бораи тасарруфи Кӯлоб аз тарафи Абдуллохони Шайбонӣ» роҷеъ ба вазьи сиёсии шаҳри Кӯлоб ва аъзои ҳукумати Абдуллохон то давраи ҳуҷум ба Кӯлоб нақл мекунад.
Дар омӯзиши таьрихи Кӯлоб саҳми олимону бостоншиносони рус аз ҷумла Маева, Н,А, Матвеева, Покатило Н. Н, Семенов А. А, Баринский А. А, Варична М.А калон аст. Дар асарҳои худ ин олимон дар бораи ҳудудҳои ҷуғрофӣ, таъриху маданияти халқҳои бумӣ, урфу одати онҳо ва мавзеъҳои топаграфӣ, маконҳои таърихӣ ва дигар махсусиятҳои ин диёр маълумотҳои дақиқ медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама таърихи шаҳр ба омӯзиши чуқур ва ҳамаҷониба ниёз дорад. Дар бораи Хатлон, аз ҷумла, минтақаи Кӯлоб дар давраи Юнонӣ Бохтарӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ низ баъзе маълумот мавҷуданд. Дар нақли муаррихи Юнони қадим Ариан дар бораи шӯриши Бохтариён бо сарварии Оксиарт бар зидди Юнониёни ишғолгар, шикаст хурдани шӯриш ва ба дасти Искандари Македонӣ асир афтодани ӯ ва духтараш Рухшона «Пули Сангин», ки дар наздикии шаҳри Нораки имрӯза воқеъ гардидааст, номбар карда мешавад. Дар ҷои дигар гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар ба муқобили Юнониён Пратакенҳо ва сокинони Бубасена бо сарварии Катон ва Овсиён мубориза бурданд. Муҳаққиқи маъруф Маркварт Бубасенро дар Балҷувон ҷой медиҳад. Ба ақидаи ӯ Бубасена шакли қадими номи Балҷувон мебошад. Бояд ёдовар шавем, ки дар бораи мавзеъи баргузоршавии ин шӯриш фикру мулоҳизаҳои дигар низ вуҷуд дорад. Масалан, ба ақидаи Ю. Яъқубов шӯриш бо сарварии Оксиарт (Вахшуарт) дар Қалъаи куҳи Хориён дар вилояти Самангон рух додааст. Ба фикри ҳамин муаллиф ноҳияҳои Пратакен ва Бубасен дар ҳудуди ноҳияи Данғара ҷойгир буданд, зеро дар ин ҷо дар роҳи корвонгард деҳаи Паркамчӣ вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳақӣ бо номи Баракадми во мехурад. Дар назди он қалъаи қадиме низ ҳаст. Эҳтимол, вожаи Баркадми шакли арабишудаи паркамчи вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳакӣ бо номи Баракадми вомехӯрад.