10 феврал, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо намояндагони воситаҳои ахбори омма барогузор гардид.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2021 ба кулли рӯзноманигорон миннатдорӣ баён намуд. - Воқеан ҳам, имрӯзҳо эҳсос мешавад, ки кормандони ВАО аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд.
Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, фаъолон ва аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб бо фаъолияти содиқонаи худ дар раванди пешрафту тараққиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта, соли 2021-ро бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳри Кӯлоб, дар вохӯрию мулоқотҳо бо фаъолон, собиқадорон, ятимони кул, аҳли зиё баён намуданд, ба бо дастовардҳои бузург ҷамъбаст намудаанд. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ шудааст, ба ҳолати 1 январи соли 2022 –юм 40 лоиҳа бо маблағи 319,1 млн сомонӣ амалӣ гардида, дар 26 лоиҳа корҳо идома дошта, то имрӯз дар иҷрои ин лоиҳаҳо 176,7 млн сомонӣ аз худ карда шудааст. Рафти амалишавии лоиҳаҳои Барномаи мазкур зери назорати доимӣ қарор дошта, бо иҷрои саривақтии онҳо аксари мушкилоти ҷойдошта бартараф мегарданд.
Тибқи нишондиҳандаҳо дар соли 2021 қисми даромади андозҳои маҳаллӣ 110,5% иҷро гардида, ба буҷет 105млн 425 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки ин аз нақша 10 млн сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози ғайрибуҷетӣ 101% иҷро шуда, ба буҷет 30млн 302 ҳазор сомонӣ ворид ва нафақаи 19 ҳазору 402 нафар нафақахӯрон пурра пардохт карда шуд. Тибқи иттилоъ дар ин давра маблағҳои қарзии ҷудогардида аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд 229,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63,5 млн. сомонӣ зиёд аст. Қарзҳои додашуда, ба соҳаи кишоварзӣ 10,3 %, савдо 38,4 %, саноат, сохтмон ва нақлиёт 45,6 %, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2,1 % ва муҳоҷирати меҳнатӣ 3,6 % рост меоянд. Бинобар маълумотҳои оморӣ соли сипаригардида дар шаҳри Кӯлоб дар майдони 45,8 гектар кишти барвақтии картошка гузаронида шуд, ки баробар ба 26,2 фоизи нақша мебошад. Дар шаҳр 23 адад гармхона мавҷуд аст, ки масоҳаташон 1,35 гектарро ташкил медиҳад. Давоми соли гузашта аз шаҳру деҳоти Кӯлоб ба хориҷи мамлакат зиёда аз 1050 тонна ё баробари 100 фоиз нақша маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд.
Айни ҳол дар майдони 189,45 гектар 57 хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил карда шуда, дар онҳо 206,9 ҳазор дона моҳича парвариш ёфта истодааст. Шумораи занбӯри асали хоҷагиҳо ба 6975 оила расонида шуда, истеҳсоли асал дар соли гузашта 119,5 тоннаро ташкил дод. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бошад 663,5 млн сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2020 –ум 16 млн сомонӣ зиёд буда, афзоиш 102,5фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода намуда, 6 коргоҳҳои нав, аз ҷумла ҷӯроббофии “Ваҳдат-текстайл”, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли орд, обҳои ташнашикан, дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал ба истифода дода шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб, ки майдони умумии он 6,9 гектарро ташкил медиҳад, бунёди 8 корхонаҳои, истеҳсоли сангҳои ороишӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, консерваи меваю сабзавот, гипсокардон, истеҳсоли ҳасиб ва ғайраҳо дар идома дорад. Дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бошад, сохтмони корхонаҳои истеҳсолии қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, коркарди намак, истеҳсоли равғани растанӣ ва набот рафта истодааст. Тибқи таҳлилҳо дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 309,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба як соли пеш 31,8 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи телевизиони “Сафина” дар минтақаи Кӯлоб, намояндаи нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият”, Намояндаи телевизони “Точикистон” намояндаи нашрияи “Пайк”, намояндаи телевизиони “Варзиш” ва дигарон ба суолҳои худ оид ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, кишоварзию рушди саноат посухи мушаххас гирифтанд. Дар охир иҷроикунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр изҳор дошт, ки сокинони фарҳангдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштоосоямон содиқона саъю талош хоҳанд варзид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб