Бахшида ба мавсими нави футбол дар мамлакат гурӯҳи кори комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба литсензиякунонии дастаҳо бо сардории ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, ки дастаҳои шомили Лигаи олӣ ва якумро мавриди санҷиш қарор медиҳанд, ташкил шудааст
. Ба хотири санҷиши дастаи “Равшан” комиссия ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи раиси раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ба ҳузур пазируфта, бо онҳо оид ба таҳлили футбол дар шаҳр ва вазъи дастаи “Равшан” мулоқоти корӣ анҷом доданд. Дар марҳилаи аввали литсензиякунонӣ гурӯҳи корӣ ҳуҷҷатҳои дастаҳоро вобаста ба иҷроиши талаботҳои низомномаи литсензиякунонӣ аз рӯи критерияҳои варзишӣ, инфрасохторӣ, кадрӣ-маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ тафтиш карда, аз рафти омодагиҳои дастаҳо ба мавсими нав дидан менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дастаи «Равшан» яке аз дастаҳои сермухлис, соҳибном ва Лигаи олии Тоҷикистон мебошад. Клуби футболи «Равшан» тайи солҳои охир 2 карат чемпиони Тоҷикистон, барандаи суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.
Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб