Муҳтарам ҷанговарони башардӯст!

  Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шуморо ба санаи таърихии 15 феврал - санаи сарбаландона баъд аз адои қарзи башардӯстона хориҷ шудани нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон табрику муборакбод мегӯем.

bashar3

Дар ин ҷанги шадид беш аз 15 ҳазор ҷавони шӯравӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо ҷон доданд ва ҳазорҳо нафар бо осебҳои гуногун баргаштанд. То ҳанӯз мову Шумо он рӯзҳои вазнинро дар ёд дорем ва хотираи шаҳидони Ватанро ҳамеша пос медорем.

Синни аксари он ҷавононе, ки гӯиё дирӯз дар хоки Афғонистон ҷангида буданд, ҳоло  аз 50 сол гузашта бошад ҳам, вале то ҳанӯз баҳри тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ хизмат карда истодаанд. Дар замони барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, ки бо фитнаи як зумра хоинони миллат Тоҷикистони тозаистиқлол ба гирдоби ҷангу нобасомониҳо кашида шуда буд, маҳз далериву матонати Шумо фарзандони баномуси Ватан ба ҷавонони солҳои навадум рӯҳия бахшид.

bashar4

Аксарияти Шумо дар солҳои 1991-1993, яъне авҷи даргириҳо дар паҳлӯи Ҳукумати конститутсионӣ қарор гирифтед, бо террористони наҳзатӣ ҷангидед, захмӣ шудед, ҷон додед, вале ба Ватан ва савганди ҳарбии хеш содиқ мондед. Зиндагиномаи Шумо барои ҷавонони имрӯза дарси садоқат ва ҷавонмардӣ аст.

Ин ҳама хизматҳои Шуморо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта, дар сатҳи расмӣ имтиёзҳои ҷанговарони башардӯстро муқаррар намудаанд ва Шумо ҳамеша қишри соҳибэҳтироми ҷомеа маҳсуб меёбед.

ba1

Ҳамзамон, месазад хотирнишон созем, ки ҳодисаҳои дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон рӯйдода боиси нигаронист ва ҳеҷ кадоми моро бетараф намегузорад. Ба дасти террористон гузаштани давлат дар Афғонистон боис гардид, ки мардум ба фақру нодории бештар дучор шавад ва ҳатто барои як бурда нон фарзанди ҷигарбанди хешро ба ғуломӣ фурӯшад. Айнан ҳамон ҳодисаҳое, ки солҳои навадум дар Тоҷикистон бо чашми сар дида будем ва аз сари мардуми ҷафокашидаи мо гузаштаанд!

Махсусан, дар замоне, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз хориҷи кишвар бо ишораи хоҷагони хориҷиашон ба сӯи давлати мо сели туҳмату таҳдидҳоро равона карда истодаанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ шумораи

маводҳои муғризонаву дуруғин ҳамарӯза босуръат афзоиш дораду метавонад ба ҷавонони мо таъсири манфӣ расонида, боиси даст заданашон ба ҳодисаҳои номатлуб гардад, сухани Шумо барои роҳ надодан ба ин кор қурбу қимати хоса дорад. Аз ин рӯ, вохӯриву сӯҳбатҳоятон бо ҷавонон зарурияти замон аст ва мо бароятон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам меорем. Шумо шахсиятҳои дар ҷабҳаҳои ҷанг обутобёфта барои холӣ намондану пур кардани фазои иттилоотӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои террористиву экстремистӣ, мубориза ба муқобили иғвогарону фитнаҷӯён метавонед ва бояд нақши ҳалкунанда дошта бошед. Мо набояд ба он роҳ диҳем, ки фазои сиёсии кишвари соҳибистиқлоламон олуда ва мафкураи сокинон ба андешаҳои ғаразнок пур карда шаванд. Барои мо боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар паҳлуямон мисли Шумо шахсиятҳои рӯзгордида кору фаъолият карда истодаанд. Маҳз ҳамин чиз моро дилпур месозад, ки ҳар кадоми Шумо ба худии худ як мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву ватандӯстӣ ҳастед. Ба ин хотир, мо ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон тавсия додаем, ки ҳатман дар пешрафти кори худ, дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии таълимгирандагон ва кормандони ҷавон аз малакаву касбият ва машварату маслиҳатҳои Шумо васеъ истифода баранд.

Дар фазои зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки буҳрони идеологӣ тамоми самту соҳаҳои ҳатто давлатҳои абарқудратро фаро гирифтааст, таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатро ба ёд оварда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Ба ин хотир вохӯриву суҳбатҳои Шумо бо ҷавонон аз аҳамияти хоса бархурдор аст ва дар ин роҳ тамоми имкониятҳоро дар ихтиёри Шумо гузоштаем.

Боварӣ дорем, ки собиқаи хизматӣ ва таҷрибаи ҳаётии Шумо барои наслҳои оянда дарси ибрат аст ва баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ самараи нек хоҳад дод.

  Бори дигар ҷашн муборак бошад, ҷанговарони башардӯст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP