Дар доираи ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ташаббуси соҳибкорон ва худи сокинони деҳа 25 км роҳи деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мумфарш мегардад.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул аз рафти оғози корҳо дар деҳаи зикргардида боздид намуда, ба сокинон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, сарҷамъию муттаҳидӣ дастуру супориш ва тавсияҳои мушаххас доданд.
Ташаббускорон иқдом гирифтанд, ки дар оянда корҳои ободониву бунёдкориро дар дохили деҳаҳои ҷамоат идома диҳанд.
Ҳоло бо ҷалби мутахассисони роҳсоз ва худи сокинони деҳа кор бо суръати баланд идома дошта, ният доранд, ки дар муҳлати муайянгардида корро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб