30 июни соли равон таҳти раёсати раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба тақвият бахшидан ба раванди корҳои созандагию ободонӣ ва дар ин замина корбарию коргузориро беҳтар намудан ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини аввал, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои минтақавӣ, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ташкилӣ, фаъолияти муассисаи давлатии “Хоҷагии комуналӣ”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҳолати ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, оид ба иҷроиши андоз, бартараф намудани савдои сарироҳӣ дар назди бозорҳо, ислоҳ намудани камбудиҳо дар соҳаи маориф, рафти корҳои сохтмонӣ, иҷроиши нақшаи андозҳои маҳаллӣ, вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳо, батартибдарории роҳу кӯчаҳо, махсусан кӯчаҳои марказӣ, тозакунӣ аз партову ифлосиҳо, ба тартиб даровардани заминҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, чунин изҳор доштанд: "Баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбариро бояд дар ҳамаи ҷамоату деҳоти шаҳр аз ҷониби масъулини ҳар як соҳа ва тамоми кормандон боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда, то ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва рушду пешрафти шаҳрамон ноил гардем". Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, таъмини иҷрои дурнамои кишти маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, таъмини нақшаи дӯхти либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои нақшаи андоз ва пардохт намудани бақияпулиҳои он, саривақт пардохт намудани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва дигар масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас, бо нишон додани намоиши видеоӣ сардори Муассисаи давлатии “Хоҷагии комуналӣ”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Неъматзода Рустам баромад намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
Дар охир, роҳбарияти шаҳр зикр намуданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳар яки моро мебояд бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем, то ба пешрафтҳои навин сазовор гардида, рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрамонро таъмин намоем.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP