Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷангӣ, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, пешгирии хатарҳои диверсионию тахрибкорӣ аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳ, ташкили хадамоти комендантӣ ва инчунин омодагии захираҳои ҳайати афсарию шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ- муовини якуми вазири мудофиа, генерал-майор Саидзода Бобоҷон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндагони комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту идораҳои мақомоти низомию қудратӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандони дар эҳтиётбудаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар баромади худ иброз намуданд, ки ҳадафи асосии баргузор намудани чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар сурати ба вуқуъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии руҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирад. Мо бояд ҳамеша баҳри пойдории сулҳу суботи комил дар кишвари маҳбуби худ омода бошем. Ин сарҷамъии мо худ нишони волотарин меъёри ватандорӣ, садоқатмандӣ ба миллат, нишони ҷавонмардии ҳар як соҳибватан мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор волидайни наваскарон, ки дар қисмҳои ҳарбӣ хизмати Модар-Ватан доранд сипоснома супорида шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP