Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар 5 моҳи соли 2025 ва омодагиҳо ҷиҳати арзанда ҷамъбаст намудани нимсолаи соли 2025 ҷамъомад баргузор гардид.
Нахуст масъулони соҳавӣ суханронӣ намуда, дарҷ намуданд, ки дар давраи сипаригардида аҳли заҳмати шаҳру деҳоти Кӯлоб натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамбаст намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат саъю кушиш намуда истодаанд. Ҳамчунин дар чаласа ба масъулон, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳо дар иншооти сохташаванда, вусъат бахшидан ба бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар ин замина ба кор ҷалб намудани сокинон ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии шаҳру дехоти Кӯлоб дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Дар идомаи ҷамъомад раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти омор, рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил, корҳои ободонию созандагӣ, таъмири роҳҳои дохиливу байнишаҳрӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, иваз намудани баннер ва лавҳаву навиштаҷотҳои шаҳр, ки яке аз воситахои муҳими таблиғкунандаи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат мебошанд ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷом бо натиҷагирӣ аз нишондодҳои давраи ҳисоботӣ масъулонро ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва шоиста истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муваззаф намуданд. Ҳамчунин дарҷ намуданд, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро мебояд тамоми кӯшишу ғайратро ба харҷ дода, дар ободу зебо гардонидани диёри хеш саҳмгузор бошем.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб