Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолони шаҳр Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокдорон аз намоиши , дастовардҳои муассисаҳои томактабӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби шаҳр– ғолибон ва иштирокдорони озмунҳо ба намоиш гузошта шуд дидан намуданд.
Сипас, чорабинии тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо оғоз гардида ҳамагонро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно намуд.
Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Кӯдаконро хазинаи ояндабахши фардои зиндагӣ арзёбӣ намуда таъкид доштанд, ки кӯдакон бо истифода аз фазои орому осуда ва шароити хуби истироҳату таҳсил чун насли ояндасоз ба камол расида, Тоҷикистони азизамонро дар оянда низ чун кишвари соҳибтамаддун ва сарзамини сулҳу ормонҳои наҷиби инсонӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар идома ба як қатор роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани кӯдакон Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Баъдан, барои болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ манзур гардид.
Бояд гуфт, ки таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кўдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандўстӣ мавриди таваҷҷўҳи ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД- шаҳри Кӯлоб