Давоми 30 соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рушду пешрафт намудаанд. Аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт дигаргуниҳои бузург ба вуқӯъ пайваста, дар радифи сол аз сол афзудани шумораи нақлиёти шахсию ҷамъиятӣ роҳҳои ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида истодааст.
Бодарназардошти зиёдшудани ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб барои ҳаракати мунтазам ва пешгирӣ аз тамбашавии нақлиёт чораандешӣ карда мешавад. Бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷалби мутахассисон нақшаи корӣ тартиб дода, барои таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳр иқдом гирифт. Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, хусусан, назди бозори Саховат ва марказҳои савдо, ки тамбашавии нақлиёт ба таври доимӣ ба назар мерасад, таъмиру азнавсозии роҳ аз кӯчаи Худоёр Назаров то назди пули сойи Тебалай дар кӯчаи Чармгарони поён оғод гардид. Паҳнои роҳ 7 метрро дар бар гирифта дар ду шафати он буёнди роҳи пиёдагард шабакаҳои равшанамоӣ хатҳои обгузар ва дигар воситаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин қитъаи роҳ мутобиқ ба меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо риояи қоидаҳои мавҷуда бунёд карда мешавад. Ҳамзамон, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб масъулони Идораи обу канализатсия, Шабакаҳои барқ ва соҳаи боғбунёду равшанинамоиро муваззаф намуд, ки ҷиҳати дар мӯҳлати муайншуда ва бо сифати баланд иҷро шудани корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Сокинони маҳаллаи Чармгарони поён бо изҳори миннадорӣ аз ташабуси созангдагии шаҳрдорӣ ваъда доданд, ки баъди азнавсозию мавриди истифода қарор гирифтани роҳимошингарди кӯча ба ҳолати тозагиву озода нигоҳ доштани он муваззаф хоҳанд шуд. Тибқи иттилоъ дар оянда барои боз ҳам беҳтар гардидани ҳаракати бемамонияти нақлиёт аз болои сойи Тебалай як пули мошингард бунёд гардида, роҳи паҳлуи сой аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Даминзода таъмир гардида, самтҳои ҳаракати нақлиёт муайян карда мешавад.
Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб