Дар ҳоле,ки аксарияти кишварҳои оламро хуруҷи тамғаи нави каронавирус “омикрон” фаро гирифтааст, дар Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ тақвият бахшида мешавад.

Ба ин хотир, дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ аз қабили тақсимоти ниқобҳои яккарата ва варақаҳои таблиғотӣ гузаронида шуда истодааст. korono7Аз ҷумла, бо ташаббусу дастгирии гуруҳҳои ихтиёриён ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар бахшҳои марбутаи соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб чунин аксия баргузор гардид. korono5Ташаббускорон дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди бозору марказҳои савдо оид ба ин беморӣ суҳбат ороста, ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои якмасрафа тақсим намуданд. Бинобар иттилои масъулони соҳаи тандурустӣ гарчанде, ки то имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб ягон ҳолати гирифтори ба тамғаи нави каранавирус “омикрон” ба қайд гирифта нашудааст, korono4аммо чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ муҳиму ҳатмӣ арзёбӣ мегардад. Бинобарин, аз ҳоли ҳозир роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва кормандони соҳаи тиб ба хотири пешгирӣ аз ин беморӣ аксияҳои ваксинагузаронӣ ва дигар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ идома дода, баҳри таъмини солимии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз пайдоишу ҳар гуна бемориҳои сироятӣ саъю талош хоҳанд намуд.korono3korono1korono2

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP