Дар шаҳри Кӯлоб масофаи умумии роҳҳои автомобилгард беш аз 223км аз ҷумла 18 км роҳи байналмиллалӣ 26,1км роҳи аҳмияти ҷумҳуриявӣ ва қариб 180 км роҳи аҳамияти маҳаллидошта ташкил медиҳад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштани лоиҳа ва саҳми соҳибкорон ба ифтихори ҷашти 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати зиёди роҳҳои ҳудуди шаҳр пурра азнавсозӣ карда шуд. Дар идома аз чунин корҳои созандагӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими вазъи инфрасохтори деҳот барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллаи навбунёди ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Кӯлоб азнавсозии роҳи маҳаллӣ оғоз гардид.
Дар асоси муроҷиати сокинон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин маҳали навбунёди шаҳр дар баробари роҳ мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ низ бартараф карда шуд. Маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии дар қисмати болоии шаҳри Кӯлоб дар як мавзеи кӯҳдоман ҷойгир аст. Ба ин хотир, роҳи қаблӣ бо гузаронидани корҳои заминӣ аз нав таҳту ҳамвор ва барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт паҳноии он васеъ ва дар баъзе қисматҳо сатҳи роҳ ба маротиб паст карда мешавад . Дар ин маҳаллаи навбунёд айни замон бо сабаби мушкилоти роҳ ва норасоии об беш аз 50 оила ба сар мебаранд. Баъди сохтани роҳ ба андешаи сокинон ин маҳалла низ обод ва барои сокинон шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад. Тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ гаштани барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр бояд марҳила ба марҳила дар чунин маҳаллаҳои навбунёд инфрасохтори лозима таъмин ва ҳар як гӯшаи шаҳр ободу зебо карда шавад.
Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб