Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии мамлакат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуданд.k5
Кумакҳои мазкурро муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, муовини Вазири маориф ва илми кишвар ва дигар шахсони масъул тақдим намуданд. Кумакҳо иборат аз сарулибос, шириниҳои солинавӣ буда, инчунин барои 125 нафар тарбиятгирандагон дастархони идона ороста гардид.k3
Гуфта шуд, ки ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти Олии кишвар махсусан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо, табақаи эҳтиёҷманди кишвар, ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон мерасонанд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.k4

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP