4 майи соли 2021, дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати ҳамроҳонаш бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Нахуст, аз рафти корҳои сохтмонии фабрикаи парандапарварии гӯштии мурғи бройлерӣ воқеъ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистон, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» бо иқтидори 2300000 (ду милиону сесад ҳазор) сар парранда дар як сол дар масоҳати 23,75 гектар замин сохта шуда истодааст, боздид ба амал оварданд.
Ба Сарвазир маълумот дода шуд, ки корхонаи мазкур ба истеҳсоли гӯшти парҳезӣ (бройлерӣ) ва парвариши чӯҷаи мурғ (инкубатсия) дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғанӣ гардонидани бозори дохила ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар пешбинӣ шудааст.
Мутахассисон иброз доштанд, ки шароити боду ҳавои Ҷамоати деҳоти Себистон барои мурғпарварӣ мувофиқ буда, таъмини ғизои парандагон аз корхонаи комбикорми ватанӣ, ки дар ноҳияи Данғара бунёд шудааст, пешбинӣ гардидааст.
Кормандони ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ ва деҳаҳои назди корхона, ҷалб гардидаанд.
Дар рафти шиносоӣ Сарвазири мамлакат ба сохтмончиён оид ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ маслиҳату тавсияҳо доданд.
Гуфта шуд, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ 80 фоизро ташкил дода, ба истифода додани он дар моҳи сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон