Ҳамасола 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "Рӯзи театри тоҷик" таҷлил карда мешавад.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба ифтихори адиби машҳур Абулқосим Лоҳутӣ номгузорӣ карда шуд, ки мавсуф дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик нақши бузург гузоштааст. А. Лоҳутӣ нахустин шуда, драмаҳои Шекспирро маҳз барои ба саҳна гузоштан ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Имрӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб "Рӯзи театри тоҷик" баргузор гардид.
Чорабинии идона бо иштироки масълунони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, меҳмонону ҳунармандон ва мухлисони театр, дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри шаҳри Кӯлоб оғоз ёфт.
Бахшида ба Рӯзи театри тоҷик муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу бо сухани табрикӣ аз номи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ҳунармандон ва рушди санъати театр дар шаҳри Кӯлоб ёдовар гардид. Ҳамидиён Орзу иброз дошт, ки театр дар ҳар давру замон тарғибгари ғояҳои баланди инсонӣ ва тараннумгари фарҳангу ҳунари асили мардумӣ буда, нақши он дар ташаккули маънавиёти ҷомеа басо муҳим арзёбӣ мегардад. Зимнан таъкид карда шуд, ки заҳмату талошҳои кормандони соҳаи театру фарҳанг, ба хусус ҳунармандони театр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардида, аҳли эҷод пайваста дастгирӣ меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати театри тоҷик боло рафта, барои кормандони соҳа шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идома ҳамчунин мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Одинаев Абдураҳим ва шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб баромад намуда, аз рушд ва саҳми беназири ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб ёдовар гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба "Рӯзи театри тоҷик" аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
ба як қатор кормандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанвӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ, порчаҳо аз намоишномаҳои гуногуни театр аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб пешкаши меҳмонону мухлисони театр гардонида шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб