Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери ҳидоятҳои роҳнамунсозӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб имрӯз 19 октябри соли 2024 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб Аксияи тозагии соҳил доир гардид. Дар аксияи мазкур кормандони касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб иштироки фаъолона намуданд.
        Ёдовар мешавем, ки аксияи мазкур дар тоза кардани партовҳо ва кашонидани онҳо ба ҷойҳои махсус дар сойи Тебалай доир гардида, партовҳо бо техникаҳои лозима кашонида шуданд.
Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони корхонаҳои марбут ба соҳаи коммуналӣ барои тозаву поккорӣ намудани кучаву маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ва назди ташкилоту муассисаҳо тоза карда шуда, барои зебо гардонидани шаҳр гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешавад.
          Чунин иқдомҳои дастаҷамъона минбаъд низ аз ҷониби масъулин идома ёфта, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хосса дар шаҳр таҷлил хоҳад шуд.
 
                                                                                              Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP