Дар доираи сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гушаву канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.
Дар ин росто тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои давлатӣ имрӯз 20 октябри соли 2024 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таҳти унвони "Саҳми ман дар тозагии шаҳри ман" ва "Аксияи тозагии соҳил" доир гардид, ки дар аксияҳои мазкур кормандони касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аксияи мазкур дар тоза намудани назди ташкилоту муассисаҳо, кучаву маҳаллаҳо ва тоза кардани партовҳову кашонидани онҳо ба ҷойҳои махсус дар сойи Тебалай доир гардида, партовҳо бо техникаҳои лозима кашонида шуданд.
Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони корхонаҳои марбут ба соҳаи коммуналӣ барои тозаву поккорӣ намудани кучаву маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ва назди ташкилоту муассисаҳо тоза карда шуда, барои зебо гардонидани шаҳр гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешавад.
Чунин иқдомҳои дастаҷамъона минбаъд низ аз ҷониби масъулин идома ёфта, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои дар пеш истода бо як шукуҳу шаҳомати хосса дар шаҳр таҷлил хоҳанд шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб