Тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила суҳбату вохӯриҳоро бо сокинони маҳал баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода бо истиқоматкунандагони деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур раиси маҳалла, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, имомхатиби деҳа ва як қатор фаъолони деҳаи мазкур иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ мавзуҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Расонидани нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Чораандешӣ ва вусъат додани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба ташаббусҳои байналмиллалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
3. Эълон гардидани Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”;
4. Пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароию террористӣ, мусоидат ва пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ дар байни ҷомеа;
5. Тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон” ва тарғиби хизмат дар сафи Артиши миллӣ;
6. Омодагӣ ба таҷлили сазовор аз ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ;
7. Таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар озмунҳои ҷумҳуриявие, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд;
8. Мусоидат ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон дар НБО Роғун ва дигар ташкилоту муассисаҳо;
9. Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олию касбӣ ва сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ;
10. Тозаю озода нигоҳ доштани назди муассиса, деҳаву маҳалла ва дар заминаи он саҳмгузорӣ намудан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ.
Тибқи масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис тасдиқгардида вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзусуханронӣ намуда иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури рӯйимизӣ барои фаъолияти ҳар яки мо мебошад. Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Хурсандиовар аст, ки ташабусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, марҳила ба марҳила тадбиқ гардида истодаанд. Вобаста ба қонунҳои миллӣ-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” низ мухтасаран ибрози ақида карда шуданд.. Ҳамзамон шомил гардидани шаҳрвандони синни даъватиро ба хизмати Модар-Ватан қарзи имонии ҳар як ҷавон дониста, дар рӯҳияи далерию шуҷоат ва ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандонро аз ҳар як сокини деҳа талаб намуданд.
Инчунин, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашнҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ андешаронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ҷавонони мо бояд ифтихор аз гузаштаи худ дошта бошанд, аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ дар байни ҷомеа чораандешӣ намоем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии НБО “Роғун” буда, тибқи роҳхати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб шахсони бекор метавонанд, ки ба НБО Роғун сафарбар карда шаванд. Ба ин васила метавон, ки ҳам вазъияти молиявии оилаи худро ғанӣ гардонанд ва ҳам метавон дар бунёди иншооти азими аср НБО Роғун ҳиссагузор шаванд.
Таълиму тарбияи насли наврас аз баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобастагии зич дорад. Дар баробари омӯзгорон ҳамаи мо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифагузорем ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбияи насли наврас бетарафӣ накарда, саҳми арзандаи худро гузорем.
Ободии давлату сарзамин аз тозаю озода нигоҳ доштани маҳал ва хонаву дари ҳар яки мо оғоз мегардад. Ҳамаи моро лозим аст, ки дар фаъолияти кории худ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти кори худ қарор дода, дар пешрафту шукуфоии яке аз гӯшаҳои Тоҷикистони азиз шаҳри Кӯлоби бостонӣ ҳиссагузор бошем. Фарзандонро дар рӯҳияи дӯст доштан ва ҳамеша омода будан ба хизмати Модар-Ватан тарбия намоем. Тамоми саъйю талоши худро баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона намоем.
Дар музокира раиси маҳалла, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, имомхатиби маҳалла ва якчанд сокинон баромад намуда, зикр намуданд, ки марҳила ба марҳила ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки баррасӣ гардиданд, иҷро карда мешаванд.
Дар охир, доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардиданд, қарорҳои дахлдор бо назардошти фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои сокинон қабул карда шуданд
Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
.