Санаи 7 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, муасиссахои таълимӣ, тандурустӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.
         Тибқи рӯзномаи ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб Асозода Манучеҳр оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 баромад намуда изҳор дошт, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби масъулини дахлдори соҳаҳои мухталифи ҷомеа корҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани давраи зимистонгузаронӣ бо истифода аз захираҳои мавҷуда рафта истодааст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб саривақт ситодҳои доимоамалкунанда бо иштироки масъулин ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳр гузаронида мешавад ва дар ин самт корбарӣ идома дорад. Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни баррасии масъалаи мазкур вобаста ба иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда масъулинро вазифадор намуд, ки тамоми ташкилоту муассисаҳо бояд барои гузаронидани давраи зимистонгузаронӣ пурра омода бошанд ва дар ин самт бояд ягон мушкилӣ эҷод нагардад, зеро тамоми захираву имкониятҳо барои захира намудани ангишт, ҳезум ва сузишворӣ мавҷуд аст, танҳо аз ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса ва масъулин масъулияти баланди корӣ мебояд, ки нишон дода шавад.
          Ҳамзамон дар идомаи ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб, ҳисоботи сардори қисми 33-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Кӯлоб шунида шуда, иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби масъулини дахлдор оид ба иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар самти бехатарӣ аз сухтор дар ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои дахлдор мунтазам рафта истодааст. Зимнан роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъкид доштанд, ки дар фасли зимистон аз лиҳози бехатарӣ дар аксарият марказҳои савдо беаҳамиятӣ дида мешавад. Вобаста ба масъалаи мазкур масъулинро вазифадор намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла бозору марказҳои савдо ҷоннок намоянд то ин ки дар фасли зимистон ба мушкилот дучор нашавем.
         Дар идома роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷроиши нақшаи пахта ва чиниши он аз ҷониби хоҷагиҳо ва ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" пурсон гардид.
        Муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо баромад намуда таъкид доштанд, ки тибқи нақшаи дурнамо чиниши пахта дар аксарият хоҷагиҳо оғоз гардидааст ва дар ин самт корбарӣ рафта истодааст.
         Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин иттилоъ доданд, ки тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бояд имсол хирмани пурборро ба даст орем ва ин аз масъулияти баланди кории ҳар яки мо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Ҳамчунин масъулин дастур гирифтанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед, саривақт супоридани он ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ чораҳои дахлдор андешида шавад.
            Инчунин, дар бораи гирифтани ду - се ҳосил аз замин, ки ин бевосита дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, мо бояд ҳамаҷиҳата ба ин диққати аввалиндараҷа диҳем, ки як ваҷаб замин бекор намонад ва ҳамеша бо хоҷагидорон дар иртибот бошем.
          Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр инчунин таъкид доштанд, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаву софдилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имсол мардуми сарбаланду муваффақи шаҳри Кӯлоб мисли дигар шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳи баланд иҷро намуд, ки ин аз кордонию ташаббускории ҳар як масъулини дахлдори ҷомеа дарак медиҳад. Зимнан ба ҳамаи он нафароне, ки саҳми босазои худро дар самти сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанд изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мо бояд дар ҳама соҳаҳо пешсаф бошем ва саҳми худро дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр расонем.
Ҳамзамон роҳбарияти шаҳр изҳор доштанд, ки новобаста аз оне, ки нақшаи обуна - 2025 фоизи муайянеро ташкил медиҳад, ба масъулин дастур дода шуд, ки то санаи 10 октябри соли равон бояд нақшаи обуна ба пуррагӣ иҷро гардад.
          Дар интиҳои ҷаласа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо фаъолияти пурсамар, хизмати софдилона, иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастурҳои қатъӣ доданд.
 
                                                                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP