Санаи 10 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар нӯҳ моҳи соли 2024 доир гардид.
           Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони раёсатҳо, корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, раисони Кумитаҳои маҳаллии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
       Пеш аз оғози ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо қаноатмандӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва шароитҳои буду боши афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ ва фазои сулҳу оромии кишвар мебошад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ватандӯст ҷиҳати анҷом додани хизмати модар ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ мешаванд. Ҳамин сиёсати ҷавонпарваронаву софдилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мебошад, ки имсол даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввал ба итмом расонида шуд, ки ба ҳама роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар замири ҷавонон меҳру муҳаббат ба ватанро ташвиқ намудан изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки мо ҳамеша дар татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардидани он омода мебошем.
       Зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо Саттор оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар давраи нуҳ моҳаи соли 2024 баромад намуд. Қайд гардид, ки сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб давоми нуҳ моҳи сипаригаштаи соли 2024 баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ, аз тамоми имконот истифода бурда, бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти кишвари азизамон вусъати тоза бахшида, дар нуҳ моҳи соли 2024 ба тақвияти корҳои созандагӣ ва фардои боз ҳам ободу осуда заминаҳои мусоиду устувор гузошта истодаанд.
        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Конститутсияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумуҳрии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба роҳбарӣ гирифта, талош намуда истодааст, то ин ки фаъолияти худро дар тамоми самтҳои гуногуни хоҷагӣ беҳтар намояд.
           Дар идома, муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо Саттор дар самти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла фаъолияти ширкати "Пахтаи Кӯлоб", ки дар доираи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шарикони рушд дар Ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор ва Зиракӣ дар майдони зиёда аз 1900 га пахтаи аълосифат кишт шудааст, баромад намуда, зимнан таъкид доштанд, ки чиниши пахта беҳтар буда, бо боварӣ гуфта метавонем, ки имсол нақшаи иҷроиши пахта бо пуррагӣ иҷро хоҳад шуд. Бо ин мақсад дар ҷамоатҳои деҳоти болозикр ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
          Инчунин, дар идома роҳбари хоҷагии деҳқонии "Ибодулло-21" Абдураҳмонов Ибодулло баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар доираи дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгириҳо дар самти кишоварзӣ изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки сол то сол сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, ҳосилнокӣ аз заминҳои коррам бар зиёд иҷро гардидааст. Боиси қайд мебошад, ки хоҷагии мазкур аслан пахтакор буда, имсол дар 3 га замин пахта коридааст, ки имрӯзҳо ба ғундоштани он сафарбар гардида, ҳосилнокии хуб ба даст оварда истодааст.
          Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласаи мазкур Рустамов Амриддин директори ҶДММ "Ориён-Рустам" ва Абдуллоев Раҳим мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб доир ба натиҷаҳои нуҳ моҳи фаъолияти корхонаҳои худ маълумот доданд. Аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштан ба масъулин маслиҳатҳои муфид дода шуд.
       Дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани кишти зироатҳои кишоварзӣ, таъмини пурраи чиниши пахта, баҳисобгирии дурусти саршумори чорво, зиёд намудани истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, таъмини босифати барқ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, назорати ҷиддӣ бурдан дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолона иштирок намудани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳо дар соҳаҳои мухталиф, шинонидани гулҳои мавсимӣ, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои вайроншавии оилаҳо, гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ, омода будани ташкилоту муассисаҳо дар давраи зимистонгузаронӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
       Инчунин дар идомаи кори ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳои баланд дода, пеш аз ҳама арзу сипосу миннатдори раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ дар рӯзи аввал иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, зикр карда шуд, ки дар оянда мо метавонем боз ҳам ин чорабиниҳои муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд иҷро намоем. Инчунин изҳор доштанд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.
          Дар ин росто, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ки аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб масъул мебошанд, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша вохӯриҳо доир намуда, ҳарчи зудтар иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳоро амалӣ намоянд.
      Дар охир, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, аз масъулин ҷиҳати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оиди боз ҳам тақвият бахшидани вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ, тариқи усули хона ба хона бо иштироки шахсони обуруманд, вакилон, имомхатибон, омӯзгорон ва дигар шахсиятҳо фаъолияти худро ҷоннок намоянд, ҳамзамон дастур дода шуд, ки зимни вохӯриҳои мазкур дастуру супоришҳои роҳнамунсози Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ҳамзамон расонидани бандҳои дахлдори Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи Ватандӯстии ҷавонон”, дар бораи саривақт иҷро намудани нақшаи обуна 2025, инчунин дар бораи роҳ надодан ба фарҳанги бегона, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, инчунин тарбияи дурусти фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ даъват намуданд.
          Ҳамзамон дар интиҳои ҷаласаи мазкур аз тамоми масъулон бори дигар даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамаи мо масъулин вазифадорем, ки корбариву коргузориро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаамон масъулиятшинос бошем, то ин ки ба нишондиҳандаҳои мусбат ноил гардем.
           Дар фароварди ҷаласа ба як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои садоқатмандонаву содиқона заҳмат кашидан дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ва дар татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузоштаанд бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
 
                                                                                                                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP