Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, муасиссахои таълимӣ, тандурустӣ, соҳибкорон ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок намуданд.
          Дар оғоз тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Қурбонзода Наргис оид ба рафти иҷрои супоришҳои протоколии маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб аз 27 майи соли 2024, #6 мухтасар ҳисобот манзур намуданд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати саривақт иҷро намудани бандҳои дахлдори супоришҳои протоколӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
         Сипас, муовини раиси шаҳр Асозода Манучеҳр оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр ва рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар Минтақаи саноатии шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
          Зимнан иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорон имкониятҳои васеъ барои сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ замин ҷудо гардидааст ва корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи саноатии шаҳр бо маром идома дорад.
          Дар идома, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳор доштанд, ки тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта бо соҳибкорон дар Минтақаи саноатии шаҳр вохӯриҳо доир гардида, ҷиҳати анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои саноатӣ маслиҳатҳо дода мешавад.
      Тавре иттилоъ доред, ҳафтаи гузашта дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳамроҳии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар масъулин аз Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб ва Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Зимни шиносоӣ, аз Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб аён гардид, ки соҳибкорон бо як масъулияти баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ сидқан барои пешрафти Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми худро гузошта истодаанд.
         Зимнан, масъулин вазифадор гардиданд, ки ҳарчи зудтар нисбати корбарию коргузории ҳар як соҳибкор дар алоҳидагӣ чораҳои дахлдор андешида шавад.
       Инчунин, дар идома кормандони Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баромад намуда, оид ба пешгирии амалҳои номатлуб фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
           Ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Кӯлоб изҳор доштанд, ки пешгирии амалҳои коррупсионӣ ин танҳо вазифаи Агентии коррупсия набуда, балки вазифаи ҳар яки мо мебошад, ки дар якҷоягӣ нисбати чунин амалҳои номатлуб пешгирӣ намуда, ба чунин амалҳо хотима бахшем.
       Дар идома, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ доир намудани 27 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
       Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз мо бояд шукрона аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки тамоми шароити мусоиди зиндагиро барои ҳар як шаҳрванд муҳайё намуда, танҳо вазифаи мо содиқонаву софдилона хизмат намудан мебошад.
        Инчунин, дар идома зикр гардид, ки имрӯзҳо аллакай имтиҳонҳои хатми хонандагон, аз синф ба синф гузаронидан ва омодагӣ барои сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ чораҳои дахлдор андешида шавад. Аз масъулин даъват карда шуд, зимни вохӯриҳо бо аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб нисбати эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи дурусти фарзандон, роҳ надодан ба фарҳанги бегона ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ чораҳои дахлдор андешанд.
 
                                                                                                                                     Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP