Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ истифода аз саҳми соҳибкорони ватанӣ корхонаву мағоза ва тарабхонаҳои ҳозиразамон ба истифода дода шуда истодааст, ки ин аз шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
        Чунин иқдоми ҷавонмардона, имрӯз аз ҷониби соҳибкори шаҳри Кӯлоб Лоиқ Ҳакимзода дар доираи сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб боз дар паҳлуи Қаҳвахонаи "Шоми Кӯлоб" як нуқтаи тез-тайёр "PIZZA BBQ BURGER" бо дизайни Аврупоӣ сохта ба истифода дода шуд.
      Дар расми ифтитоҳи он роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар меҳмонон иштирок намуда, аз шароитҳои он аз наздик шинос шуданд. Тавре соҳибкори ватанӣ иттилоъ доданд, нуқтаи тез-тайёр, ки бо дизайни Аврупоӣ ва тибқи талаботи имрӯзаи замони муосир мебошад бо тамоми таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
          Тибқи маълумот нуқтаи мазкур бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ ва масолеҳи ватанӣ сохта шуда, маблағи умумии он 600000 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати он 180м2 буда, барои 80 нафар ҷойи нишаст ташкил гардида, дар марҳилаи якум 12 нафар мутахассисон аз ҳисоби худи шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд, ки аксарияташон ҷавонони кордону забондон ҷалб гардидаанд.
         Ёдовар мешавем, ки таҷҳизотҳои насбшуда РКПР-ро аз Федератсияи Россия бо маблағи 170000 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва насб гардидааст. Инчунин, барои омӯзонидани кормандон мутахассисон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷалб гардидаанд.
Боиси қаноатмандӣ мебошад, ки мизу курсиҳо истеҳсоли ватанӣ буда, дар шаҳри Кӯлоб бо тарҳи муосир сохта шудааст. Дар идома, Роҳбарият аз иқдоми бисёр созанда ва татбиқ гардидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Лоиқ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд ҳар як соҳибкори ватандӯст дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва бунёди чунин иншоотҳои замонавӣ масъулияти баланд дошта бошанд. Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорон имкониятҳои хубро пешниҳод намудааст ва ҳамеша Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯст ва саховатпеша изҳори сипосу миннатдории хешро мерасонанд. Соҳибкор Ҳакимзода Лоиқ тасмим гирифтааст, ки боз дар паҳлуи ҳамин қаҳвахона дар ояндаи наздик як корхонаи истеҳсоли шириниҳоро ба истифода хоҳад дод.
 
                                                                                                                                                            Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP