Санаи 7 июни соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи шаҳру деҳоти Кӯлоб доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки дар ин вохурӣ ҳамчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолона иштирок намуданд. Зимни баромади худ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бори дигар роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳимро ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ хайрамақдам гуфта, сипас ҳадафи баргузории вохӯриҳоро дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вохӯриашон бо фаъолон ва ходимони дин, ки санаи 9 март баргузор гардид, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мо масъулон новобаста дар кадом вазифа фаъолият намуданамон бояд дар амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи маҳал хизмати софдилона анҷом диҳем.
        Дар идома, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим бо масъулин сӯҳбат намуда, изҳор намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриашон тамоми масъалаҳое, ки имрӯз бояд мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳем бо далелҳои мушаххас гуфта баромаданд. Танҳо аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд, ки дар самти татбиқ гардонидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузорем. Инчунин гуфта шуд, ки мо бояд дар баромадҳои худ нисбати ватану ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, дӯст доштани меҳан, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, эҳтироми падару модар, тарғибу ташвиқи сарбози ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраршуда, кӯмак намудан ба ятимону бепарасторон, дастгирии маъюбон ва шахсони яккаву танҳо аз рисолати ҷавонмардии ҳар як кадоми мо маншаъ мегирад.
          Зимнан, бояд ҳар як кадоми мову Шумо аз хонаи худамон то кӯчаву маҳаллаҳо корҳои созандагиву бунёдкориро ба роҳ монем ва ба наслҳои ояндаамон мерос гузорем, ин аст рисолати ҳар яки мо.
 
                                                                                                                                                       Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP