МУРОҶИАТНОМАИ
Шӯрои кор бо ҷавонони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар хусуси аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид қабул гардидани ташаббуси сатҳи байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол
Ҷавонони сарбаланди шаҳри Кӯлоби бостонӣ,
Барои ҳар яки мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол боиси хушбахтист, ки таҳти сиёсати ғамхорона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осудаи кишвар зиндагӣ ва кору фаъолият намуда, аз тамоми шароитҳои зарурӣ бархурдорем. Ифтихор аз он мекунем, ки рӯз аз рӯз мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, таклифу пешниҳодҳои роҳбарияти олии кишварамон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд.
Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон хабари аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид қабул шудани қатънома дар бораи эълон кардани санаи 25 май ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии футбол", ки аз пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарчашма мегирад, барои ҳамаи ҷавонони кишвар боиси ифтихору болидарӯҳӣ гардид. Бори дигар, ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи башардӯстона ва дар айни замон ҷавонпарваронаи ҷониби Тоҷикистонро эҳсос намуда, ба хиради азалӣ ва дурандешиву некманишии миллати тамаддунофари тоҷик арҷ гузошт.
Дар партави чунин як дастоварди бузурги сатҳи ҷаҳонӣ, ки ба боло рафтани обрӯи кишвари азизамон боис гардидааст, ба ҳамаи ҷавонони бонангу номуси Кӯлобшаҳри бостонӣ муроҷиат менамоем, ки:
- Биёед, дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободиву сарсабзӣ ва рушду нумӯи кишвари азизамон талоши бештар варзем;
- дар пайравӣ аз роҳбари ҷавону хирадманд – Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ташаббускор бошем;
- ба оммавияти футбол дар кишварамон бештар диққат дода, ҳамчунин, дар тамоми намудҳои дигари варзиш низ камол ёфта, парчамбардори Ватан дар арсаҳои баланди варзишӣ гардем;
- ба Ватан, миллат ва обу хоки ин сарзамин то охири умр содиқ бошем ва нагузорем, ки нохалафе фазои маънавию сиёсии моро олуда созад;
- ҳамчун ҷавонони бошарафи кишвар дар роҳи ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ пайравони воқеии роҳбари хирадманду хирадсолори Тоҷикистон бошем.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бошад, ҳамватанони азиз!