Имрӯз, 27 майи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиё Худоёр ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
             Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон, роҳбарони бозорҳо, вакилони маҳаллаҳо, намояндагони васоити ахбори омма (ВАО) ва дигар шахсони масъул доир гардид.
          Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб ҷаласаро оғоз намуда, изҳор доштанд, ки шаҳри Кӯлоб дар фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули Лола” дар ҷумҳурӣ соҳиби ҷойи 2-юм ва вилояти Хатлон дар номинатсияи шаҳрҳо соҳиби ҷойи аввал дониста шуда, бо Дипломи дараҷаҳои 2 ва 1 сарфароз гардонида шуд.
        Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Неъматзода Рустам баромад намуда, ҷиҳати иштироки фаъолона ва сазовор гардидан ба мақомои баланд ва ифтихорӣ дар вазъияти тантанавӣ Дипломҳоро ба раиси шаҳри Кӯлоб тақдим намуданд.
Ҳамзамон, зимни баромад раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоби бостонӣ чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои соҳаҳои мухталифи ҷомеа тамоми талошу масъулияти худро равона намуда, содиқонаву софдилона хизмат менамоем.
          Сипас, масъалаи ташкилӣ дида баромада шуда, тибқи қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб Гулаҳмадов Саидҷамол Аҳмадович ба мансаби мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Сафолов Амирҷон Сангович ба мансаби мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Рустамова Латофат Саидовна ба вазифаи сартабиби Беморхонаи ноҳияи Кӯлоб, Искандаров Муҳаммад Саидович ба вазифаи директори Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб ва бо пешниҳодҳои раиси шаҳри Кӯлоб ва фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағаев Ҳасан ба мансаби сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ Ёдгоров Шарифхон Сайнимонович ба вазифаи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб таъин гардиданд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳозиринро ҷиҳати интихоб ва таъин гардиданашон ба вазифаҳои пурмасъул табрик намуда, ҳамзамон хоҳиш намуданд, ки ҷиҳати иҷроиши вазифаҳои барзимадоштаашон масъулияти баланд эҳсос намуда, содиқонаву софдилона кор намоянд.
             Инчунин, тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зимни баромадашон таъкид намуданд, ки санаи 25 майи соли ҷорӣ вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо фаъолони вилоят анҷом доданд, ки дар мулоқот ба ҳама сохторҳои давлативу хоҷагидорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода шуда, дар ин маврид аз ҳар яки мо масъулияти баландро дар иҷрои он дастуру супоришҳо талаб менамоянд.
Зимнан, аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо Саттор доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар, ки ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии шаҳри Кӯлоб мансуб мешавад, ба таври муфассал андешаҳои худро иброз доштанд.
           Дар идома, Назарзода Бахтиёр Худоёр аз масъулин доир ба амалӣ гардидани иҷроиши дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва омода намудани нақшачорабиниҳои дахлдор ба ҳар як маъулин дастур доданд. Ҳамзамон изҳор доштанд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар самти кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, маориф ва дигар самтҳо дида мешавад аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи зудтар камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварем. Мо масъулин пеш аз ҳама худамон масъулияти баланд дошта бошем ва дар иҷрои вазифаҳои барзимадоштаамон содиқонаву софдилона хизмат намоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шаҳри Кӯлоб сол то сол рушд карда истодааст, вале ин моро қаноатманд карда наметавонад ва дар ин кор боз ҳам масъулияти баландро аз мову шумо тақозо менамояд.
               Дар идомаи ҷаласа, Ҳамидиён Орзу муовини раиси шаҳр оид ба рафти амалишаваии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Кӯлоб баромад намуда изҳор намуданд, ки бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 27 августи соли 2021, №701 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 7 июни соли 2021, №173 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №167 “Дар боари Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ҷиҳати иҷроши қарорҳои болозикр як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа татбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт барномаҳои махсус ва стратегияҳоро қабул намуд, ки дар ин асос ҷалби занону бонувон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда афзун гашт.
           Доир ба амалӣ гардидани стратегияи мазкур аз ҷониби шуъбаву бахшҳо ва сохтоҳои марбута доир ба амалӣ гардидани бандҳои стратегия чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Дар идома раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият ва нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
          Аз ин рӯ, ба масъулин ҷиҳати иҷроиши бо сифати бандҳои дахлдори старатегия ва мунтазам баргузор намудани вохӯриҳои ҳадафмандона бо занону модарон ва ҷалби фаъолзанон дар рушду нумуи соҳаҳои мухталифи ҷомеа дастурҳои дахлдор доданд.
       Ҳамзамон, доир ба сифати таълиму тарбияи насли наврас, ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқт дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди чорвордорӣ, пешгирӣ намудан аз сухтор дар вақти ҷамъоварии ғала, рушд ва равнақ додани корхонаҳои саноатӣ ва татбирҳои иловагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо сифат супоридани иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
          Дар интиҳои ҷаласаи мазкур ҷиҳати иҷроиши пеш аз муҳлати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Донишгоҳу донишкада, Коллеҷҳо ва дигар соҳаҳо бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
       Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои корҳои назаррас ба фаъолон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мо бояд аз ин ҳам бо як масъулияти баланди ватандорӣ содиқонаву софдилона барои халқу Ватани азизамон хизмат намоем.
 
                                                                                                                                                          Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кўлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP