Имрӯз дар доираи таҷлил аз “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва вохӯрӣ бо фаъолҷавонони шаҳр  баргузор гардид.

      Пеш аз оғози ҳамоиш, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва меҳмонон  аз дастовардҳои донишҷуён, хонандагон  ва варзишгарони шаҳри Кӯлоб  дидан намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.

         Дар чорабинии мазкур  муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, донишҷӯён, гирандагони стипендияи Президентӣ ва ҷавонони  фаъоли ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.

        Дар оғоз, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷавононро бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” самимона шодбош намуда, изҳор доштанд, ки шурӯъ аз соли 1997 дар заминаи ташаббуси қонунгузории Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эътибори хоса ва арҷгузорӣ корнамоиҳои ҷавонони мамлакат, санаи 23 май ҳамчун “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Имрӯз зери ҳамин санаи муборак раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳамаи ҳузурдоштагон ва тамоми ҷавонони Кӯлобшаҳри бостониро самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом, иқболи баланд, осмони софу беғубор ва тамоми хӯшаҳои зиндагиро таманно намуд.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои шодбошии худ ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” таъкид карданд: «Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз ӯҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд».

     Хушбахтона, аксарияти кулли ҷавонони Кӯлобшаҳри бостонӣ бо рафтори намунавӣ ва ватандӯстонаву меҳанпарваронаи худ кӯшиш мекунанд, ки ба ин боварии Роҳбари хирадманду хирадсолори Тоҷикистон сазовор бошанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки қисмати зиёди онҳо дар даъвати баҳории имсола ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд ва ин имкон дод, ки шаҳри Кӯлоб нақшаи даъватро пеш аз мӯҳлат таъмин намояд. Бо истифода аз фурсати қуллай ба чунин ҷавонони ватандӯсти кишвар минатдории бепоёни худ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро баён менамоям.

          Мебояд тазаккур дод, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он, ки ҷавонони кишвар ҳамчун насли созанда ва соҳиби асили ин хоку сарзамин ба воя расанд, тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Боиси ифтихор аст, ки дар шаҳри Кӯлоб 1 донишгоҳ, 1 донишкада, 6 коллеҷ ва 2 литсейи касбӣ-техникӣ, ки бо тамоми технологияҳои муосири коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд, фаъолият карда истодаанд. Ҷавонони шаҳри Кӯлоб соҳиби бино ва маркази худ мебошанд. Даҳҳо иншоотҳои варзишию фарҳангӣ дар хизмати Шумо ҳастанд. Зиёда аз 80 фоизи буҷаи маҳаллӣ ба соҳаи маориф равона карда мешавад. Бояд ин қишри ҷомеа, яъне Шумо ҷавонон аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, ояндасози худ ва Тоҷикистон бошед. Ба қадри ин неъмати бебаҳои соҳибистиқлолии кишвар бирасед ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоед. Бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда дар пайи ободии Ватани барои ҳар якамон азиз Тоҷикистони биҳиштосо ва як гӯшаи он Кӯлобшаҳри бостонӣ бошед.

           Дар идома, муовини раиси Шӯро Ҳамидиён Орзу оид ба фаъолияти Шӯрои  кор бо ҷавонони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баромад намуда, аз дастовардҳои ҷавонон дар ҳама соҳаҳо ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон,  ҷавонони саодатманди шаҳри Кӯлоб якояк баромад намуда, аз ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дастгириҳояшон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мо ҳамеша дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон устуворем ва ваъда медиҳем, ки баҳри татбиқ гардидани сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву софдилона хизмат менамоем.

        Дар интиҳо, ба як қатор оилаҳои намунавӣ, ки фарзандони худро барои ҳимояи марзу буми Ватан, ҷиҳати анҷом додани хизмати модар-ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудан ва ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ  шуданд.

                                                                                                                                                           Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP