Таҳти ҳамин унвон, имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, модарон ва ҷавонони саодатманди шаҳри Кӯлоб дар ҳошияи таҷлил аз “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва дастгирӣ аз ташаббуси Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати санаи 25 май эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” роҳпаймоии идона дар маркази шаҳри Кӯлоб дар фазои сулҳу оромӣ ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ истиқбол аз “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар даст шиору овезаҳо, ки таранумгари ваҳдати миллӣ ва расмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастии худро барои оромии кишвар бахшидааст, бо як ғурӯри ватантдорӣ зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” ва “Мо пайравони асили Пешвои миллатем” роҳ ба сӯи макони баргузории чорабинии тантанавӣ пеш гирифтанд. Маълум буд, ки воқеан ҷаонони имрӯзаи мо зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, абармарди арсаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳ ба сӯи ояндаи боз ҳам гулгуншукуфон рафта истодаанд ва ҳамеша татбиқкунандаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб