Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” чорабинии тантанавӣ дар қисми низомии 13483-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Зимни боздид, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз шароитҳои буду боши сарбозону афсарон шинос шуда, бо ҳар як сарбози шуҷои Ватан суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зимни табрикоти худ дар ҳузури меҳмонон, сарбозону афсарони қисми низомии 13483-и шаҳри Кӯлоб изҳор доштанд, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қисмҳои низомӣ барои буду боши сарбозону афсарон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Пас вазифаи ҳар як фарзанди Ватан ва далеру шуҷоъ ин пеш аз ҳама хизмати соддиқонаву софдилона ва ҳимояи марзу буми кишвар мебошад, ки инро мо дар симои ҳар яки Шумо фарзандои азиз эҳсос менамоям.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои шаҳрӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” тамоми талошҳои худро равона карда истодааст, ки барои шумо сарбозону афсарон шароити мусоид фароҳам оварем.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бори дигар тамоми сарбозону афсарони Тоҷикистони азизро ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” самимона шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ ва барои анҷом додани хизмати содиқонаву софдилона барору музаффариятҳои беназиро таманно намуд.
Дар идома, модарону сарбозон аз дастгириҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мо ҳамчун сипари боэътимоди ин сарзамин ҳамеша баҳри иҷро гардидани рисолати худ содиқонаву софдилона хизмат менамоем.
Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор сарбозону афсарон Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.
Сипас, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб