Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр вохӯрӣ бо фаъолзанон аз тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳрию минтақавӣ, ки дар Гурӯҳҳои кории таблиғотӣ муттаҳид шудаанд, баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва дигар масъулон ширкат доштанд.
             Зимни вохӯрӣ Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, изҳор намуд, ки имрӯз саҳми занону бонувон дар фаъолияти хизмати давлатӣ ва умуман дар ҳама корҳои ҷамиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ беназир арзёбӣ мегардад. Мо имрӯз ҳамаи ин дастовардҳоро аз фазои сулҳу оромии кишвар, сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон эҳсос намуда, бо боварии комил гуфта метавонем дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавонон аз ҷумла бонувон беназир аст.
            Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқҳои худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштаанд”, ҳақ бар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Модарон дар баробари ба дунё овардани фарзанд, ҳамчунин дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани он тамоми ҳастии худро мебахшанд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд ва дар ҷомеа саҳми худро расонанд.
           Имрӯз мо низ ифтихор менамоем, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб як қатор занону бонувони фаъол дар тамоми ташкилоту муассисаҳо чун мардон фаъолияти пурсамар доранд, ки ин мояи ифтихори бузург мебошад.
              Ҳамчунин дар идома, раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани Гурӯҳҳои корӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама марказҳои савдо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, кӯчаву маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва тариқи усули хона ба хонаро тақвият бахшида, мардумро пеш аз ҳама барои риоя намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба ҳамдигар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, иштироки аҳли ҷомеа дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ, тарғиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни аҳолӣ, иштороки тамоми аҳли ҷомеа дар озмӯнҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “ Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва дигар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ вазифаи ҳар як фаъоли ҷомеа ба шумор меравад, ки инро мо дар симои Шумо эҳсос менамоем ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар иҷрои вазифаи худамон баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумуҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мегузорем.
              Дар идома, дигар баромадкунандагон роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда фикру андешаҳои худро иброз намуда, таъкид доштанд, ки мо ҳама он дастуру роҳнамоиҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дода мешавад, содиқона иҷро менамоем. Мо пеш аз ҳама модар ҳастем ва бояд дар таълиму тарбияи фарзандон ва аҳли ҷомеа саҳми худро гузорем.
 
                                                                                                                                                                           Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP