Дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ доир мегардад.
Имрўз дар доираи таҷлил аз ҳафтаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чунин иқдом барои боз ҳам тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ба ин васила поккорӣ намудани гирду атрофи муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо аз партовҳо, алафҳои худрӯй, тоза намудани ҷуйборҳо ва нарм кардани заминҳо баргузор гардид.
Тавре мегӯянд: "Тозагӣ гарави саломатист!" ва вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад, ки ба тозагӣ ва шинонидани гулу буттаҳо машғул шуда, дар ободии Ватанамон саҳми худро гузоранд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб