Имрӯз раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Ҳалимзода Миралӣ ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ аз рафти корҳои соҳилмусатҳкамкунӣ аз мавзеъҳои Девонасой дар махаллаи Хатти роҳ, Ҷамоати деҳоти Зиракӣ деҳаи Сангпар, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб мавзеъҳои Лағмон-2 дарёчаи Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Зиракӣ назди пули мошингузарӣ самти Фурудгоҳ ва маҳаллаи Суғдиён дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавзеъҳои болозикр пеш аз ҳама тоза намудани селпарто ва ҷуйборҳои обрав, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва ба роҳ мондани корҳои заминӣ, барқарорсозии назди купрук ва баровардани сангу шағал инчунин тоза ва бо тариқи ҳашарҳои дастаъҷамона баровардани партовҳо сурат гирифт ва ин корҳо то санаҳои муқарраргардида идома меёбад.
Дар корҳои анҷомдодашуда зиёда аз 4 экскватор, 3 мехлопата, 5 адад автомашинаҳои боркаши Камаз ва дигар техникаҳои лозимӣ ҷалб гардиданд.
Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд мо боз ҳам дар сатҳи пешгирӣ аз офатҳои табиӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб