Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар доираи сиёсати сулҳпарваронаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қисмҳои низомӣ шароити сарбозону афсарон беҳтар шуда истодааст ва сафи ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси ҷумҳурӣ аз ҷумла ҷавонони ғаюру шуҷои шаҳри Кӯлоб барои анҷом додани хизмати Модар-Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд. Имрӯз бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарбози шуҷои Ватан, Муродов Илҳом, ки бо сари баланд хизмати Модар-Ватанро ба анҷом расонид истиқбол гирифтанд ва дар як рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ба хонаи падару модар баргаштанд. Воқеан, ҷавонони замони соҳибистиқлол шукрона аз сиёсати ҷавонпарварона ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд, ки чунин шароити созгор барои мо муҳайё намудааст.
 
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP