Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ғайринақшавии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид, ки дар он раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, аъзоёни комиссия, инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Ҳалимзода Миралӣ ва дигар масъулон ширкат намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, изҳор доштанд тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати баргузории Комиссияҳои доимамалкунанда ва пешгирии офатҳои табиӣ ба миён омадааст. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки тибқи Амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 апрели соли 2024, №88 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба тавсиб расидааст.
Ҳамзамон дар доираи супоришҳои протоколи ҷаласаи сайёри ҳайати комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷогӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавӣ санаи 29 апрели соли 2024 бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон, муовини раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон дар мавзеъҳои хавфноки ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб то имрӯз доир гардида истодааст. Ҳамзамон, тибқи Амри мазкур ва нақшаи гузаронидани машқи ғайринақшавӣ вобаста ба пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ дар рӯзҳои аз 29 то 4 майи соли равон дар мавзеъҳои хавфноки ҳудуди ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягона барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷалб гардида, дар самтҳои муайянгардида идома меёбад.
Бояд ёдовар шавем, ки то ҳол корҳои анҷомдоданашуда хело зиёданд бояд мо то рӯзҳои муқарраргардида гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани маҷрои каналҳо, селпартовҳо, сойҳо, заҳбуру заҳкашҳо, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва кашонидани партовҳо камари ҳиммат баста, ҳар яки мо бояд дар ин самт масъулияти баланд нишон диҳем.
Зимнан таъкид гардид, ки машқи ғайринақшавиро дар рӯзҳои боқимонда яъне аз санаҳои 2 то 4 майи соли 2024 ба таври муташаккилона бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягона, техникаҳои соҳавии ташкилоту идораҳои дахлдор ва дигар техникаҳо новобаста аз шакли моликият, кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва ҷамоатҳои шаҳр бо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона дар 5 мавзеъҳои хавфноки махсусан хатарноки шаҳру деҳот баргузор намуда, ба ин васила шаҳру деҳоти Кӯлобро ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар давраҳои боронгариҳо омода намоем, то ин ки ба сокинони шаҳр хатар наорад.
Дар идома муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Њалимзода Миралӣ баромад намуда, бо изҳори боварию эътимод ба Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати саривақт баргузор намудани ҷаласаҳои комиссия, ҳамзамон мунтазам гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона ва ба ин васила тоза намудани сойҳои болозикр бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб баҳои баланд дода, бо боварӣ изҳор дошт, ки мо агар масъулияти баланд дошта бошем ҳама он дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро иҷро менамоем танҳо дар ин кор аз ҳар яки мо масъулияти баландро талаб менамояд.
Дар интиҳои ҷаласаи мазкур Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо боварию эътимоди баланд изҳор намуданд, ки мо ҳама вақт ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид омода ҳастем ва бо як масъулияти баланди ватандӯстона содиқонаву софдилона вазифаҳои ба зимма доштаамонро иҷро менамоем ва изҳори сипоси худ ва тамоми сокинони шаҳри Кӯлобро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ алалхусус дар самти пешгирии офатҳои табиӣ расониданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб