Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида вобаста ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дар ростои номусоидии боду ҳаво, боронҳои пуршидати рӯзҳои охир бо ҷалби қувва ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии офатҳои табиӣ дар мавзеъи Дарёчаи Кӯлоб дар ҷойҳои хатарафзо кубикҳои бетонӣ гузошта шуда, ҳамзамон маҷрои обҳои ҷоришавандаи сел аз сангу шағал тоза ва бехатар карда шуданд.
Имрӯз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва инчунин иҷроиши Пртоколи ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ки санаи 29 апрели соли 2024 бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ва дигар намояндагон сурат гирифта буд, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамунӣ ва тоза намудани маҷрои обҳои ҷоришаванда дар мавзеи Дарёчаи Кўлоб дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бо сифат анҷом додани он дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид нисбати шаҳри Кӯлоб зиёд буда, барои бартараф намудани камбудиҳо дар ҷойҳои хавфнок ва бехатарии сокинон кўмаку дастгириҳои ҳамешагии худро мерасонанд. Мо масъулинро зарур мебояд, ки тамоми имкониятҳоро саривақт дар ҷойҳои даркорӣ истифода бурда, камбудиҳои ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намоем то ин ки дар оянда ягон хавфу хатари офатҳои табиӣ сокинонро таҳдид накунад.
Тибқи маълумоти Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб чунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бехатар гардонидан дар дигар маҷрои обҳои ҷоришаванда низ идома хоҳад ёфт.
 
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP